Созмони сабтиномнашудаи “Ватандор” аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, монеи истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Дубай ба Тоҷикистон шаванд.
Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари созмони сабтиномнашудаи “Ватандор”, бо пахши як баёния гуфтааст, агар Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, аз Дубай ба Тоҷикистон таҳвил дода шавад, мақомот нисбат ба ӯ аз шиканҷаву бадрафторӣ кор хоҳанд гирифт. Ин баёния дақиқан як рӯз баъд аз хабари мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуд, ки гуфтанд, ҷаноби Қувватов бо дархости онҳо боздошт шудааст.
Умаралӣ Қувватов, ки худро яке аз муассисони ширкатҳои “Фароз”-у “Тоҷирон” медонад, тобистони соли гузашта ба Русия рафта, “Гурӯҳи 24”-ро созмон дод ва худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард. Аммо ӯ рӯзи 23-юми декбари соли 2012 дар фурудгоҳи Дубайи Аморати Муттаҳидаи Арабаӣ боздошт ва то ҳол дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад.
Раҳбари созмони “Ватандор”, ки ба дифоъ аз Умаралӣ Қувватов садо баланд кардааст, дар баёнияи худ мегӯяд, “дар Тоҷикистон муҳокимаи одилона вуҷуд надорад, чунон ки гузоришҳои башумори созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ ба он шаҳодат медиҳанд.” Дар идомаи ин баёнияи созмони "Ватандор" зикр шудааст, ки далели дигари истирдоди ҷаноби Қувватов ҳамкории ӯ бо афроди наздик ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иттилооти густардае дар бораи асрори онҳо дорад. Ин аст, ки ба қавли ҷаноби Атовуллоҳ, "барои онҳо Умаралӣ “унсури хатарнок” маҳсуб мешавад."
Созмони "Ватандор" аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, ки нагузоранд Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон таҳвил дода шавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи Умаралӣ Қувватов аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои содир кардани якчанд ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале онҳо аз пешниҳоди ҷузъиёти парвандаи ӯ худдорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли соҳибназарон истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Дубай ба Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Зеро миёни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 соли пеш созишномае ба имзо расида, дар пайи он Абдурасул, бародари Ғаффор Мирзоев ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд.