Кашфи ҷасади сӯхтаи як муҳоҷир дар Маскав

Акси муҳоҷирон аз бойгонӣ

Аз зери овори хобгоҳҳои воқеъ дар гузари Бумажнийи шаҳри Маскав ҷасади сӯхтаеро пайдо карданд.
Хабаргузориҳои русӣ аз қавли мақомоти пулис мегӯянд, ҷасад ба андозае сӯхтааст, ки маълум кардани синн ва ҳатто ҷинси марҳум ғайримумкин шудааст. Аммо аз ҷайби ӯ як телефони мобил пайдо кардаанд ва маъмурони пулис ҳоло талош доранд, ки шумораи ин телефонро барқарор ва тавассути он исми соҳибашро маълум кунанд.

Хобгоҳҳои воқеъ дар гузари Бумажнийи пойтахти Русия рӯзи 22 декабр ба коми оташ рафт. Гурӯҳҳои наҷотбахш аз ин хобгоҳҳо беш аз 800 нафарро берун кашиданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Туркманистон ва Туркия буда, дар сохтмони маркази тиҷории “Москва-Ситӣ” кор мекарданд.То кашфи ин ҷасад гуфта мешуд, ки сухтор дар Бумажний хисороти ҷоние дар пай надошт.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав мегӯянд, касе аз атбоъи Тоҷикистон дар сӯхтори 22 декабр осеб надида ва касе ҳам нопадид нашудааст ва аз ин рӯ, баъид аст, ки ҷасади ахиран ёфтшуда ягон муҳоҷири тоҷик бошад.

Ҳамасола беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷират ба Русия мераванд. Дар соли 2011 дар Русия ҳудуди 850 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф даргузаштанд. Аммо ба ҳисоби Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ҳамасола дар ин кишвар то 2 000 аз атбоъи Тоҷикистон ба зиндагӣ падруд мегӯянд.