Дар арафаи Соли нави милодӣ «Озодӣ» табрикоту таманниёти солинавии чеҳраҳои шинохтаи тоҷикро пешкаш мекунад.
Гулрухсор Сафиева, шоираи мумтози тоҷик, мардуми Тоҷикистонро бо Соли нави 2013 табрик гуфта, ба хонаҳояшон чароғ, ба дилҳояшон фароғ ва дар зиндагияшон ишқ орзу кард. Ӯ аз мардуми кишвар даъват кард, ки дар соли нав кинаю адоват, рашку ҳасад ва ҳар чизи дигареро, ки хоси инсонҳосту сазоворашон нест, дар канор гузоранд ва барои бахту саодат зиндагӣ кунанд.
Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, таманно кард, ки ҳар тоҷикистонӣ дар соли нав аз пайи татбиқи орзуҳое шавад, ки дар дил мепарварад. Ӯ муътақид аст, ки соли 2013 соли хубу бобаракат мешавад.
Субҳон Ҷалилов, ровии маъруфи радиои «Ватан», барои тоҷикистониён дар Соли нав пули бисёр ва серию пуриро таманно кард. Ба гуфтаи ӯ агар мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум зиёд бошад, мароқи онҳо ба шунидани радио камтар мегардад. Барои бешунаванда намондани радиоҳо дар Тоҷикистон Ҷалилов ба тоҷикистониён ҳалли ҳамаи мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро орзу намуд.
Валиҷон Азизов, овозхони тоҷик, орзу кард, ки дар Соли нав нури илоҳӣ дар чеҳраи тоҷикистониён пайваста ҳувайдо бошад.
Убайдулло Давлатов, коргардони театр, бо зикри рубоие аз Ансорӣ барои мардуми Тоҷикистон аз Худованд имон, амон, тандурустӣ, илм, амал ва фарохдастиро таманно кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад