Ба дунболи сардиҳои шадиди рӯзҳои ахир, талабот ба қувваи барқ танҳо дар шаҳри Душанбе 20 дарсад афзудааст.
Душанбе ягона шаҳри Тоҷикистон аст, ки бе маҳдудият қувваи барқро мегирад ва тибқи иттилои ширкати «Барқи тоҷик», сокинони он ҳар шабонарӯз ҳудуди 14 миллион кВт.соат нерӯи барқ мегиранд, ки аз соли гузашта 2,5- миллион киловатт. соат зиёд будааст.
Саид Атоев, роҳбари «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар сӯҳбат ба РО рӯзи 29-уми декабр гуфт, бинобар сардии ҳаво дар пойтахт ва ниёзи бештари сокинон ба гармӣ, мизони масрафи барқ афзудааст: «Масрафи барқ нисбат ба рӯзҳои маъмулӣ дар Душанбе 20 дарсад афзудааст. Бинобар ин, зангҳои сокинон низ дар мавриди рух додани садама дар ин, ё он ҷо бештар шудааст. Чунки аксар сокинон хонаҳояшонро бо таҷҳизотӣ барқӣ гарм мекунад ва дар ин рӯзҳои сард таҷҳизоти гармидиҳандаро ҳам ба хатти барқ васл мекунанд. Лекин ҳоло 40 дарсади кормандони мо ба режими шабонарӯзии кор пардохтаанд ва ҳамчунин мо гурӯҳои иловагии бартараф кардани садамаҳоро дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт таъсис додем.»
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Атоев афзуд, бо вуҷуди интиқоли бемаҳдудияти барқ ба сокинони Душанбе, як зумра сокинон ва корхонаҳо аз «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» қарздор ҳастанд. Ба гуфтаи вай, корхонаю сокинон ҳудуди 85-90 дарсади барқи масрафкардаашонро то ҳол пардохтаанду халос.
Барқ барои сокинони Душанбе ягона сарчашмаи гарм кардани манзилҳояшон аст. Чунки солҳост ба далели аз кор мондани марказҳои гармидиҳии шаҳр, ба манзилҳои сокинон гармӣ ворид намешавад ва онҳо ба таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ рӯ овардаанд.
Зуҳро Усмонова ва аҳли хонаводаи ӯ, ки дар бинои 4 ошёнае дар маҳаллаи "Зарафшон"-и пойтахт зиндагӣ мекунанд мегӯяд, зиндагӣ дар хонаҳои баландошёна замоне афсонавӣ буд, аммо ҳоло дигар барои саломатӣ хатарзо шудааст. Ӯ мисли як хоби ширин аз шароитҳои манзилаш дар солҳои шӯравӣ қисса мекунад: «Ҳама шароит буд, ёд дорам вақти наврасиам дар фасли зимистон рахти хоби худро ҳатман ба девор ба дастгоҳҳои гармидиҳӣ наздик мебурдем, хонаҳо хеле гарму роҳат буданд. Ҳоло касе ҷуръат намекунад, ки ба отоплениҳо наздик шавад, дар бисёр хонаҳо аз ин воситаҳои гармидиҳӣ ному нишон намондааст. Ҳарчанд хонаи мо дар ошёнаи аввал буд, вале дар зимистон гарм буд, чун аз таҳхона қубурҳои оби гарм мегузаштанд ва аксарият кӯшиш мекарданд дар ошёнаи аввал хона бигиранд. Вале солҳои ахир зиндагӣ дар ин хона дигар имконнопазир шуд, чӣ рӯзҳоеро аз нагузаронидем. Рӯзҳое буд, ки баклашкаҳоро бо оби гарм пур карда зери пою бадан монда хоб мекардем.”
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси соҳаи энергетика мегӯяд, бидуни ба кор андохани марказҳои гармидиҳии шаҳр, манзилҳои сокинонро пурра гарм кардан ғайримкон аст. Чунки ноқилҳои барқӣ на барои гармкунии хонаҳои баландошёна, балки барои рӯшноӣ ва истифодаи дигар асбобҳои барқӣ мутобиқанд: «Марказҳои гармидиҳӣ коршояманд, вале ба далели набуди сӯзишворӣ кор намекунанд. Вале тавре дирӯз огоҳ шудам, буғхонаи шарқии Душанбе бо газе, ки аз ангишт гирифта мешавад ба кор андохта шудааст. Вале гармии ин буғхона барои хонаи сокинон намерасад ва танҳо чанд бинои Ҳукумативу хонаҳои маркази шаҳрро гарм мекунад.»
Ҷаноби Сайфиддинов меафзояд, ки роҳи ба кор андохтани марказҳои гармидиҳӣ бо ангишти маҳаллӣ низ тавре таҷриба нишон дод, вуҷуд дорад. Барои пурра ба кор даровардани ин марказҳо, танҳо иродаи масъулони соҳа зарур аст.
Аммо сокинони манотиқи Тоҷикистон, ки дар як шабонарӯз танҳо 4 соат қувваи барқ мегиранд, ба умеди таҷҳизоти барқӣ нестанд ва дар манзилҳояшон бухориҳои бобиро насб кардаанд.
Ин дар ҳолест, охиран рӯзи 25-уми декабр вазъи энергетика дар парлумонӣ кишвар баррасӣ шуд ва раиси Кумитаи ҳуқуқ, дифоъ ва амнияти МН Амирқул Азимов аз роҳбари ширкати “Барқи тоҷик”Абдулло Ёров интиқод карда гуфт, ҳарчанд ҳамасола Маҷлиси Намояндагон барои бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид кардани зиёда аз 30 ҳазор тонна мазут қарор қабул мекунад, вале бо вуҷуди ин, дегхонаҳои шарқӣ ва ғарбии шаҳр дар мавсими зарурӣ ба кор дароварда нашудаанд.