Дар шаҳри Душанбе нахустин корхонаи истеҳсоли сӯзандору дар Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз намуд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр ба "Озодӣ" гуфт, ки нахустин корхонаи истеҳсоли сӯзандору бо иқтидори 120 млн. дона сўзандору дар як сол, рӯзи ҷумъа ба кор шурӯъ кард.
Ин корхона дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди истифода қарор гирифта, барои фароҳам овардани беш аз 80 ҷои нави корӣ мусоидат намуд, ки аксарияташонро занону духтарон дар бар мегирад.
Корхонаи муштараки «Ориё-суранҷ медикал ЛТД» ба маблағи тақрибан 5 млн. сомонӣ таҷҳизот барои истеҳсоли сўзандору, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ворид намуда, ба маблағи 3 млн. сомонӣ сохтмон ва таъмири биноро барои истеҳсолот ба анҷом расонидааст. Корхонаи мазкур аз 5 сехи истеҳсолӣ, 1 сехи безараркунонӣ, 1 озмоишгоҳ, 2 анбори нигоҳдорӣ иборат мебошад.
Имрӯз дар мамлакат 15 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 80 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, ки танҳо дар ду-се соли охир аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ ба маблағи тахминан 50 миллион сомонӣ барои сохтмон ва таҷҳизонидани корхонаҳои истеҳсолӣ равона карда шудааст, ки зиёда аз 400 мутахассисон ва коргаронро ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли дорувории ватанӣ, дар соли 2012 корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷумла Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фароз» бо мақсади созмон додани корхонаҳои коркарди гиёҳҳои шифобахш ба маблағи зиёда аз 1 млн 500 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмон ва таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин ворид намуда, дар ҷамоати Бӯстонқалаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сехи коркарди решаи Ширинбия ба истифода дод, ки зиёда аз 30 мутахассисион ва коргарон ба ҷойҳои нави корӣ таъмин гаштаанд.
ҶДММ “Ясмин-мед” дар соли ҷорӣ ба маблағи 200 000 сомонӣ таҷҳизоти барои истеҳсоли маводи доруворӣ ворид намуда, истеҳсоли 5 номгӯи дорувориро ба роҳ мондааст. ҶДММ “Кўҳҳои Тоҷикистон” дар соли ҷорӣ ба маблағи тақрибан 3 млн.сомонӣ сохтмон ва таҷҳизот барои истеҳсоли маводи доруворӣ ворид намуда, истеҳсоли 20 номгӯи маводи дорувориро ба роҳ мондааст. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 15 нафар мутахассисон ба кор таъмин карда шудаанд.