Ҷасур Қурбонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи мураббии варзида Галим Ҷарилгапов дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Қарағанда аз рӯи даҳ вазн баргузор шуд, 143 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин ширкат доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони вилояти Суғд - Ҳасан Мӯсоев (56 кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг) и Ҷасур Қурбонов (91 кг) таҳти раҳбарии мураббӣ Баҳром Усмонов намояндагӣ карданд ва танҳо ба як муштзани тоҷик муяссар шуд, ки соҳиби медал шавад.
Ҷасур Қурбонов дар даври аввал бар рақибаш Элмур Тахтаев аз Қазоқистон ғалаба кард, вале дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Василий Левит (Қазоқистон), ки баъдан ғолиби ин мусобиқа гардид, шикаст хӯрд.