Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нави милодӣ дастур додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ниҳодҳои интизомии кишвар дастур додааст, дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нави милодӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд. Ин дастури раисиҷумҳур рӯзи 27-уми декабр зимни ҷаласаи охирини ҳукумат дар соли 2012 садо додааст.
Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози ин ҷаласа масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, ҳайати нави мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи дин ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Бо ин вуҷуд, дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки соли нави 2012 бо куштори Парвиз Давлатбеков, ҷавони 22-сола, ки дар бар либосҳои Бобои барфӣ дошт, оғоз гардид. Баробари ин, сокинони кишвар аз он шикоят доранд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав таркиши маводи тарфгарӣ ё "хлопушка" дар Душанбе зиёд мегардад ва сокинонро нороҳат мекунад.
Аз ин пеш, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе изҳор дошта буд, ки имсол таҷлили соли нави милодӣ дар пойтахт бошукуҳтар аз солҳои қаблӣ сурат хоҳад гирифт. Маросими аслии таҷлили Соли нави мелодӣ дар назар аст, ки дар майдони марказии Душанбе, дар атрофи арчаи 25-метра бо ширкати ҳунармандон ва овозхонони тоҷик баргузор гардад.
Шаҳрдории Душанбе эълон медорад, ки маросими истиқболи Соли нав соати 20:00-и 31-уми декабр оғоз гардида, ду соат идома хоҳад ёфт. Дар 5 дақиқаи аввали соли нави милодии 2013 дар осмони Душанбе оташбозии солинавӣ (фейрверг) ба нақша гирифта шудааст.