Оё Шумо аз рӯи ихтисоси худ кор мекунед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмони “Хадамоти иҷтимоӣ” ва Хазинаи таҳсилоти Аврупо мегӯянд, аксарияти кулли ҷавонон дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси омӯхтаи худ ҷои кор пайдо намекунанд. Тибқи тадқиқоти ин созмонҳо, ки дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронда шуд, муайян шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 150 ҳазор мутахассис омода карда мешавад. Аммо дар бозори меҳнат 25-30 ҳазор ҷои корӣ мавҷуд асту халос. Бинобар ин, ҷавонон маҷбур мешаванд касбашонро иваз кунанд, то ҷои кори муносиб пайдо кунанд ва ё ба муҳоҷират рӯ меоранд.