Парвозу нишасти тайёраҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мутаваққиф шудааст.
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз, 27-уми декабр дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ба далели номусоидии боду ҳаво парвозу нишасти тайёраҳо дар фурудгоҳ ба таъхир андохта шудааст.
Шодиев мегӯяд то ҳол парвозҳо ба самти Русия ва Истанбул амалӣ нагардидаанд. Баробари ин Шодиев таъкид намуд, ки фурудгоҳ пурра омода аст ва хатти парвозу нишаст тоза гардидааст. Ӯ шарҳ дод, ки агар халабони тайёра қарор кунад, ки дар ин шароит парвоз кунад ё нишинад, фурудгоҳ омода аст, вайро қабул кунад.
Субҳи имрӯз шаҳри Душанберо боришоти барф, шамоли сахт ва туман фаро гирифтааст. Дар ҳамин ҳол шикоятҳо аз фаъолияти нақлиёти рӯизаминӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва вазъи роҳҳо низ зиёд мебошад. Асрор, як донишҷӯй аз шаҳри Душанбе мегӯяд имрӯз нақлиёт кам аст ва ӯ беш аз ним соат, дар интизори нақлиёт истода, аз дарс дер мондааст. Ронандагон дар навбати худ, аз фаъолияти роҳрӯбҳо шикоят доранд, ки роҳҳои пойтахтро тоза накардаанд ва ҳаракати нақлиётро мушкил кардаанд.
Дар ҳамин ҳол тавре аз ҳукумати Душанбе иттилоъ доданд, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ситоди хидматрасониҳои коммуналӣ дастур додааст, ки навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд. Айни ҳол ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе тамоми техникаю таҷҳизот барои тоза намудани роҳу кӯчаҳои пойтахт сафарбар гардидаанд.