Фармондеҳи полиси аскарии Сурия аз дасти режими президенти ин кишвар Башор Асад ба Туркия фирор намудааст.
Шоми сешанбе генерал-майор Абдулазиз Ҷосим Аш-Шаллол тавассути телевизиони ал-Арабия гуфт, ки ӯ ба инқилоби мардумӣ мепайвандад: “Артиш иҷрои вазифаи асосиаш-ҳимояи ватанро канор гузошта, ба василаи ҷиноии куштори одамон, маҳви шаҳру деҳот ва қатли дастаҷамъии одамоне табдил ёфтааст, ки озодӣ мехоҳанд. Зинда бод Сурияи озод!”
Аш-Шаллол, ки худ мусулмони суннитабор аст, меафзояд, шумори зиёди фармондеҳони баландпояи ҳукуматӣ ва нерӯҳои амниятӣ мехоҳанд фирор кунанд, вале аз сабаби назорати шадид наметавонанд, ин корро анҷом диҳанд.
Аз замони оғози инқилоби Сурия дар моҳи марти соли 2011-ум, даҳҳо генерали ин кишвар аз хидмат ба режими президент Башор ал-Асад даст кашида ё ба хориҷа фирор кардаанд ва ё бо ошӯбгарон пайвастаанд. Дар моҳи июл Мунаф Тлас-фармондеҳи горди ҷумҳуриявии Сурия ва яке аз наздикони Башор ал-Асад, ки мусулмони суннимазҳаб аст, ба Фаронса фирор кард.
Як моҳ баъд сарвазири Сурия Риёз Ҳиҷоб ба Урдун фирор намуд. Хуллас, дар байни мансабдорони фирории Сурия мусулмонони суннимахзҳаб хеле зиёданд. Аксари мансабдорон ва ҳомиёни режими Асад мусулмонони шиамазҳаби алавӣ мебошанд.
Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки мақарраш дар Лондон мебошад, рӯзи чоршанбе иброз дошт, ки дар давоми як ҳафтаи ахир дар Сурия 1 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, шумораи умумии қурбониҳои инқилобро ба 45 ҳазор нафар расондааст.
Фаъолони мухолифини Сурия мегӯянд, рӯзи чоршанбе бархӯрдҳо дар минтақаҳои Забодонӣ, Дарё ва Тадамуни канори шаҳри Димашқ идома доштанд ва дар ин байн 17 афсару 50 сарбози қаторӣ ба ошӯбгарон пайвастанд. Тибқи хабарҳо, бархӯрдҳои сангин дар манотиқи шимолии Сурия дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Туркия ҷараён доранд.