Аз нигоҳи таҳлилгарон, имсол сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон ба хотири заминагузорӣ барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ пиёда мешуд.
Давлаталӣ Давлатзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, он чӣ, ки ҳукумат дар сиёсати дохиливу берунияш муваффақ шудааст, фақат барои беҳбуди рӯзгори мардум ва муаррифии Тоҷикистон дар саҳнаи байнулмилалист. Ӯ бо ишора ба пазируфта шудани Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар моҳи декабри соли равон гуфт, агар ҳукумат аз имконҳои узвияташ пурра истифода кунад, ба дастоварҳои бузурги иқтисодӣ ноил хоҳад шуд, зеро ин созмон роҳро ба бозорҳои ҷаҳонӣ боз мекунад.
Давлаталӣ Давлатзода анҷоми бунёди нақби “Шаҳристон”, охирин бахши шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро низ барои Тоҷикистон муҳим мехонад, зеро, ба гуфтаи ӯ, ин шоҳроҳ Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кард ва ҷанубу шимоли кишварро бо ҳам пайваст.
Дар ҳамин ҳол мунаққидони ҳукумат ба он нукта ишора мекунанд, ки ҳама рӯйдодҳои сол – вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, бунёди нақби Шаҳристон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои хурду бузург ва иншоотҳое чун азимтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллӣ ва навсозии Қасри Арбоб дар расонаҳо ва нишастҳову маҳофили давлатӣ бозтоби сиёсӣ меёфтанд ва бештар чун хизмати як фард – раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешуданд.
Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлили “Индем” мегӯяд, ки “муҳити сиёсии Тоҷикистон аслан як лигаи бозингаронеро мемонад, ки қоидаҳои онро як нафар, на Қонуни асосӣ, балки як нафар ё як-ду ниҳод муайян мекунанд ва дигарҳо барои хуш омадан ба ин маркази қабули қарор фаъолият доранд”.
Аз нигоҳи сиёсатмадорон ва таҳлилгарон, имсол ягон падидаи ғайримуқаррарӣ дар сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон ба чашм нарасид. Саймуддин Дӯстов мегӯяд, шояд падидаи муҳим – вокуниши сареъи бархе аз сиёсатмадорон ба ҳаводиси рӯз буд, аз ҷумла, мири шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев баъд аз сӯхтор дар бозори “Корвон” тавонист аз бенизомиҳо дар пойтахт ҷилавгирӣ кунад. Ҳамчунин шаҳдори Душанбе, дар ҳоле, ки ҳукумат бо интернет “ҷанг” эълон карда буд, маҳз тавассути интернет бо мардум робита барқарор ва заминаеро барои ташкили ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон фароҳам кард ва бо фейсбукчиён низ мулоқот анҷом дод. Дигар падидаи муҳим, ба гуфтаи таҳлилгар, арзи вуҷуд кардани “Гурӯҳи 24” буд, ки “бо шеваи хос ва ҷасурона дар рӯ ба рӯи ҳукумат қарор гирифт”.
Таҳлилгарон мегӯянд, таъсиси ин гурӯҳ дар ҳоле буд, ки бештари аҳзоби сиёсӣ имсол низ аз ибрози назар дар робита ба ин ё он ҳаводис худдорӣ мекарданд. Ҳизбҳо дар баробари амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба думболи куштори раиси бахши вилоятии Кумитаи амнияти миллӣ генерал Абдулло Назаров низ хомӯширо ихтиёр карданд. Моҳи август баъди куштори корманди баландпояи амниятӣ мақомоти интизомии Тоҷикистон бо ҳадафи боздошти омилони қатли ӯ дар шаҳри Хоруғ амалиёте анҷом доданд, ки бар асари он 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва чанд сокини осоишта кушта шуданд. Мақомот куштори генерал Назаровро бо худсарии фармондеҳони маҳаллӣ Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шомусалламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров марбут карданд. Амалиёт боиси эътирози ҳазорон сокинони Хоруғ шуд, ки мегуфтанд мақомоти интизомӣ метавонистанд, муҷримони қатли генерал Назаровро бе ҷангу хунрезӣ бошдошт кунанд.
Аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ фақат Ҳизби наҳзати ислом ва сотсиал-демократҳо интиқод карданд. Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатшинос ва донишманди тоҷик мегӯяд, имсол “моҳиятан ҳеҷ гуна тағйире дар фаъолияти ин ҳизбҳо ба назар намерасад, албатта, ба истистои ду ҳизб – халқӣ-демократӣ ва наҳзати исломӣ, ки каме фаъол буданд. Ҳизби коммунист ҳам гоҳ-гоҳ садо баланд мекунад”.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ҳоле, ки ҳизби ҳоким ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар соли 2013 омодагӣ мегирад, дигар ҳизбҳо сукутро ихтиёр кардаанд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ дар посух ба ин танқид мегӯяд, ки маъракаи интихоботӣ дар кишвар вижагиҳои худро дорад ва “таври маъмул, гуфтумонҳо атрофи номзадҳо ба мақоми президент ду-се моҳ пеш аз интихобот шурӯъ мешавад ва анҷуманҳои ҳизбҳо 45 рӯз пеш аз рӯзи раъйдиҳӣ доир мегарданд”.
Аммо сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ мешавад, чӣ бурду бохтҳо дошт? Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, ки арзёбии сиёсати хориҷии кишвар саҳл нест, зеро барои идораи сиёсати хориҷӣ соли воқеъан ҳам душвор буд. Имсол Тоҷикистон ҳамкориҳо бо Чинро тақвият бахшид ва бо чанд кишварҳои арабӣ робитаи хуб барқарор кард, вале ба беҳбуд бахшидани робитаҳо бо бархе ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Узбакистон муваффақ нашуд.
Ӯ меафзояд, “муносибатҳо бо Федератсияи Русияро низ наметавон матлуб номид, зеро ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия фақат дар заминаҳо ҳарбӣ ҳаст, дигар ҳамкориҳо, аз ҷумла, дар бахши иқтисод, чанд муассир ва назаррас нест”.
Вале иддае аз коршиносон бар онанд, ки соли 2012 – соли дубора нарм шудани робитаҳо миёни Маскаву Душанбе буд. Ҳангоми сафари расмии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе дар моҳи октябр, созиш дар бораи тамдиди будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо шуд, ки бар пояи он низомиёни рус барои 30 соли оянда, яъне то соли 2042, дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд. Дар ивази ин Тоҷикистон лағви пардохтҳои гумрукии фаровардаҳои нафтӣ ва ваъдаи модернизатсия ё навсозии нерӯҳои мусаллаҳи худ ва таҳкими ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ бо Русияро ба даст овард.
Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, мегӯяд, имсол барои Душанбе он нукта муҳим буд, ки Кремл Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои “ғайридӯст”-и Русия берун кунад. Аз нигоҳи ӯ, пас аз сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон сардие, ки дар робита ба моҷарои тамдиди будубоши пойгоҳи низомии Русия ва қазияи халабонҳои дар Тоҷикистон боздоштшуда иттифоқ уфтода буд, кам-кам аз байн меравад. Аммо аз нигоҳи ӯ, ин бештар комёбии идораи сиёсати хориҷии Русия аст, ки имсол талоши зери панҷаҳои оҳанинаш нигаҳ доштани Осиёи Марказиро тақвият дод:
“Набояд фаромӯш кард, ки бештари намояндагони синфи ҳукмрон дар минтақа афродеанд, ки ба гунае бо Иттиҳоди шӯравӣ пайванд доранд ва бештари раҳбарон солҳои зиёд боз соҳибқудратанд. Ва Кремл ба ин минтақа таваҷҷуҳи хоса дорад ва албатта, бояд дар ёд дошт, ки вазифаи асосии дар наздаш гузоштаи раҳбарияти Русия – мухолифати шадид ба ҳама гуна талошҳои дар минтақа ҷойи пой ёфтани Паймони Атлантикаи шимолист. Ин ҳоло мавзӯъи рӯз аст ва инро дигар пинҳон ҳам намекунанд”, мегӯяд Артем Улунян.
Аз нигоҳи Давлаталӣ Давлатзода, бисёре ҳанӯз то куҷо муҳим будани созиши низомӣ бо Русияро дарк намекунанд. Аз нигоҳи ӯ, ин қарордод барои Тоҷикистон хело муҳим аст, “зеро баъзе аз гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ, ки қасди вуруд ба Тоҷикистон баъд аз соли 2014, яъне, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро доштанд, гумон аст ба амалӣ сохтани он нақшаи худ ҷуръат кунанд.”
Аммо Саймуддин Дӯстов мутмаин аст, ки имзои созиш мустақилияти Тоҷикистонро коҳиш дод ва кишварро аз саҳнаи бозиҳои геополитикӣ дар минтақа дур андохт.