Баҳси "доғ"-и имомхатибони Исфара бо раҳбари ҲНИТ

Бархе аз имомхатибони масоҷиди шаҳри Исфара алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбарияти он баромад кардаанд.
Бархе аз имом-хатибони масоҷиди ҷомеи шаҳри Исфара рӯзи шанбеи гузашта (22-юми декабр) дар мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), алайҳи ин ҳизб ва раҳбарияташ сухан гуфтаанд. Воҳидхони Қосиддин, раиси дастгоҳи ҲНИТ, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумла, Абдурақиб Раҳмонов имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳазрати Шоҳ"-и Исфара изҳор доштааст, ки ҲНИТ номи худро исломӣ монданаш аз нуқтаи назари шаръӣ, ки мардумро ҷудоӣ меандозад, нодуруст аст.

Ҳамчунин, Обидхон Ғафуров, муовини сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Исфара, аз таърихи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 1974 ва "тафриқаандозиҳо дар замони баъдӣ рухдода", ёдовар шудааст.

Ба дунболи ӯ, Ҷамолиддин Шаҳобиддинов, имомхатиби масҷиди ҷомеи "Умари Одил", гуфтааст, дар ислом ҳизб нест. Ӯ Афғонистони ҳамсояро намуна овардааст, ки дар онҷо якчанд ҳизбҳои исломӣ ҳастанду ҳамаашон "Аллоҳу Акбар" гуфта, ба сӯи якдигар тир мепаронанд.

Воҳидхони Қосиддин мегӯяд, ин суолу ҷавоб ва масъалагузориҳои имомхатибони Исфара алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон махсус тарҳрезӣ шуда буд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Қосиддин, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба пурсиши онҳо посухи рӯшан додааст, ки ҷараёни суолу ҷавоб пурра ба навори видеоӣ гирифта шудааст. Воҳидхон Қосиддин афзуд, навори видеоии ин баҳсро ҳамин рӯз дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хоҳанд гузошт ва бинандагон аз асли масъала огоҳӣ пайдо хоҳанд кард.

Ба қавли Воҳидхони Қосиддин, тайи чанд соли охир борҳо Муҳиддин Кабирӣ ва намояндагони дигари Ҳизби наҳзати исломӣ ба Исфара сафар кардаанд, вале ба ин гуна бархӯрдҳои созмондодашуда рӯ ба рӯ нашуда буданд. Шурӯъ аз охирҳои ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ дар вилояти Суғд қарор дорад ва бо сокинони навоҳии ин вилоят дидору мулоқот анҷом медиҳад.