Шоми шанбе, 22-юми декабр дар Кохи "Душанбе-Плаза"-и пойтахт, зери унвони «Тобон» Шоми Муд баргузор гардид.
Барои тамошобинон, ки аз доираҳои гуногун, сиёсат, фарҳанг ва соҳибкорӣ буданд, донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон либосҳои миллию аврупоиро ба намоиш гузоштанд. Аҳли эҷоди донишгоҳ диди нави худро ба либосҳои миллӣ, аврупоӣ ва ориишоти мӯй муаррифӣ карданд.
Аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ тарзи либоспӯшии мардуми вилояти Бадахшон, Суғд ва Хатлонро аз нигоҳи нав муаррифӣ намуданд. Ороишоти мӯй бо тарзҳои гуногун аз қисматҳои дигари Шоми Муд дар шаҳри Душанбе буд. Мубтакири ин барнома, маъмурияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон будааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад