Нарзулло Латифов, шореҳи маъруфи варзиш, аз нав раиси ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон» (ТҶ АЖРВТ) интихоб шуд.
Ба тарафдории ӯ вакилони конфронси ҳисоботию интихоботии ТҶ АЖРВТ, ки имрӯз, 22-юми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, якдилона раъй доданд.
Нарзулло Латифов, ки поягузори Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, то соли 2017-ум вазифаи раисиро ба ӯҳда хоҳад дошт. Бояд гуфт, ки ТҶ АЖРВТ аз моҳи марти соли 2011-ум ба узвияти AIPS (International Sports Press Association) - Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 154 кишвари ҷаҳон аъзои AIPS мебошанд.
-Аҳдофи аслии ТҶ АЖРВТ, - мегӯяд Нарзулло Латифов, - рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии савия ва дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии кишвар мусоидат мекунад.
Дар ин конфронс Муҳаммадшо Абдуллоев ва Абубакр Азизхоҷаев, ноибони раис, Фарид Солеҳов дабири кулли ТҶ АЖРВТ интихоб шуданд. Вакилони конфронс, инчунин, аъзои кумитаи иҷроия ва комиссияи тафтишоти ТҶ АЖРВТ-ро интихоб карданд.