Талошҳои нав алайҳи харидуфурӯши инсон дар Тоҷикистон

Гуруҳи кории байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон, нақшаи фаъолияташро барои соли нави 2013 тасдиқ кардааст.
Ин гуруҳи корӣ, ки аз намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст, 20-уми декабр, қарор кардааст, дар соли нави 2013 таҳия ва пахши барномаҳои телевизиониро, ки ба мубориза бо хариду фурӯши одамон равона шудаанд, бештар мекунад. Кумитаи телевизон ва радиои Тоҷикистон, ки узви гуруҳи корӣ мебошад, ин иқдомро дастгирӣ кардааст.

Ҳамзамон, ин гуруҳи корӣ нақша дорад, соли оянда сафарҳои кориро ба минтақаҳо бештар намуда, барномаҳои фаҳмондиҳию ташвиқотиро дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо мардум густариш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Созмони Милал ҳукуматҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро барои муборизаи ҷиддитар бо хариду фурӯши инсон даъват намуда буд. Тоҷикистон соли 2003 дар Кодекси ҷиноиаш бори аввал моддаи 130, яъне қочоқи инсонро ворид карда, соли 2005 дар ин кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят гуруҳи байниидоравии мубориза бо харидуфурӯши инсон ташкил шуда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузаштаи 2011 шаш мавриди хариду фурӯши одамон ва соли ҷорӣ 4 мавридро ошкор ва омилонашонро муҷозот кардаанд. Дар панҷ соли гузашта 101 қурбонии қочоқи инсон ба Ватан баргардонида шуданд.

Созмони Милал ҳам дар гузориши нави худ, ки ба хариду фурӯши одамон дар ҷаҳон тайи соли 2012 марбут аст, гуфт, "60 дарсади онҳое, ки дар Осиёи Миёна мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд, занонанд ва онҳо асосан барои амалҳои шаҳвонӣ додугирифт мешаванд."

Тибқи иттилои Маркази ахбори Созмони Милал, тайи соли 2012 кӯдакфурӯшӣ ҳам дар Осиёи Миёна афзудааст ва 16 дарсади ҷабрдидагони хариду фурӯши одам дар минтақа, кӯдакон будаанд. Созмони Милал мегӯяд, кӯдакон бештар барои амалҳои шаҳвонӣ, кори маҷбурӣ ва гирифтани узвҳои бадан, фурӯхта мешаванд.