Дар гӯшаҳои мухталифи олам мардуми зиёд худро ба рӯзи қиёмат омода мекунанд.
Ба ақидаи онҳо бар пояи тақвими бостонии Майя, 21-уми декабри соли 2012-ум дунё ба охир мерасад. Сару садо ва воҳимаи зиёде дар ин бора имкон додааст, ки баъзе соҳибкорон аз хавфи мардум суди молӣ ба даст оранд.
Сарфи назар аз кӯшишҳои пайвастаи донишмандон, давлатдорон ва пешвоҳои динӣ дар бораи беасос будани назарияи рӯзи қиёмат дар таърихи 21-уми декабр, хавфи мардуми баъзе кишварҳо аз байн нарафтаву барои баъзе соҳибкорони ноогаҳ аз шарму инсоф имкони бардоштани судӣ молии ҳангуфт фароҳам овардааст. Тибқи гузоришҳои расида мардум дар канораҳои мухталифи Русия гӯгирду шамъ ва маводи ниёзи авввалия мехаранд.
Дар дӯконҳои Новокузнестк намак камёфт шудааст. Дар шаҳри Томск бошад, ширкате бо номи Марина Менделсон аз фурӯши ба истилоҳ пакет ё худ бастаи наҷот бозорашро гарм кардааст. Алефтина Попова, ходими ин ширкат мегӯяд:
“Вақтҳои ахир мардум дар бораи рӯзи қиёмат зиёд ҳарф мезананд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҳамчун шӯхие бастаи наҷот пешкаш кунем, то мардум онро ба ҳамдигар ҳамчун шӯхӣ тақдим кунанд.”
Ба қавли Попова, мардуми саросари Русия тавассути интернет аз онҳо бастаи наҷот харидаанд. Як баста 890 рубл, яъне тахминан 29 доллар қимат дорад ва дар дохили як пора банд, дока, дафтар, водока, консерваи моҳӣ, собун ва чанд чизи хурду реза ҷой дода шудааст.
Вале мансабдорони Русия аз шӯхиҳо ҳушҳол нестанд. Вакилони Думаи давлатӣ бо паёме ба шабакаҳои телевизионии ин кишвар муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки воҳимаҳои охири дунёро намоиш надиҳанд. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вазири ҳолатҳои фавқулодда Владимир Пушков ва раиси идораи назорати тиббии Русия Геннадий Онишенко дар ин бора суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки овозаҳо асосе надоранд, вале тавре маълум мешавад, мардуми зиёдеро воҳима зер кардааст.
Дар бораи беасос будани овозаҳои охири замон раиси идораи ситорашиносони Ватикан ҳам изҳорот пахш намудааст. Ӯ мегӯяд, арзёбии тақвими Майя амали пучу бемаънӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол воҳимаи рӯзи қиёмат боис шудааст, ки баъзе ширкатҳои маъруф ба монанди Шевролеи ИМА рекламаи худро ба рӯзи қиёмат марбут намоянд.
Дар кишвари Сербия меҳмонсароҳои кӯҳи шарқии Ританҷ саршор аз сайёҳ мебошанд. Тибқи баъзе овозаҳо ғорҳои кӯҳи Ританҷ, ки ба аҳроми Майя дар Мексика шабоҳат доранд, вақти аз байн рафтани олам ҳамчун паноҳгоҳ хидмат хоҳанд кард.
Обрад Блечич, соҳиби яке аз меҳмонсароҳои маҳаллӣ мегӯяд: “Дар даҳ рӯзи ахир мо серкор шудаем. Ҳеҷ ҷои холӣ надорем, вале ҳамоно мардум занг зада дар меҳмонсароямон ҷой талаб доранд. Одатан дар ин вақт мо ҳамагӣ 20 дарсади утоқҳоро истифода мебарем. Ҳозир ягон ҷои холӣ нест. Чанд оила аз Австрия омадааст. Ҳамчунон аз гӯшаҳои Сербия ва шаҳри Белград меҳмон дорем. Вақте ба мардум мегӯем, ки дар меҳмонсаро ҷои холӣ нест, баъзеҳо мегӯянд, ҳадди ақалл ба мо имкон диҳед, ки дар ошхонаи меҳмонсаро ва ё дохили мошинамон дар ҳавлии меҳмонсаро хоб равем.”
Дар Амрико як соҳибкор паноҳгоҳҳои зидди ҳамлаҳои ҳастаиро тармим намуда, се паноҳгоҳро ба маблағи 2 миллион долларӣ ҳар яке фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол мардуми ваҳшатзада ҳеҷ гӯш намедиҳанд, ки охири замон тибқи тақвими мардуми Майя маънои онро дорад, ки сар аз рӯзи дигар тақвими нав шурӯъ хоҳад шуд. Онҳо бардоштани суди молӣ аз ин ҳодисаро маҳкум мекунанд.