Сокинони манотиқи мухталифи кишвар аз тағйир дар реҷаи тақсими барқ шикоят доранд.
Абдувалӣ Саломов, як омӯзгор аз ноҳияи Ғончӣ рӯзи чаҳоршанбе ба "Озодӣ" тамос гирифт ва аз мушкили барқ дар бархе аз деҳаҳои ин ноҳия изҳори ташвиш кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки тайи як ҳафта аст реҷаи тақсими барқ мувофиқ ба лимите, ки ширкати "Барқи тоҷик" таъйин карда буд, ба деҳоти ноҳияи Ғончӣ дода намешавад.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, нерӯи барқ новақт дода мешавад ва агар як ҳафта қабл нерӯи барқ соати 5:30 дақиқаи бегоҳ дода мешуд, ҳоло дертар -- дар соати 23:00 дода мешавад, ки мардум аллакай хобидаанд.
Ё ҳангоми субҳ дар соати 04:00 барқ ба хонаҳо меомад ва акнун дар соати 08:00 то 10:00 барқ медиҳанд, ки дигар маъмулан дар ин вақт мардум аз пайи кор ҳастанд ва ба нерӯи барқ камтар ниёз доранд. Аз ин рӯ тағйирот дар низоми барқрасонӣ, мардумро нороҳат кардааст.
Аммо Дафтари матбуоти ширкати "Барқи тоҷик" дар робита ба беназмиҳо дар тавзеъи нерӯи барқ дар деҳоту навоҳӣ гуфт, ки моҳи гузашта бо назардошти берабтӣ ва худсариҳо дар тақсими нерӯи барқ, ин ширкат се телефони боварӣ барои 24 соат фаъол кард, ки мардум битавонанад шикоятҳои худро расонанд.
Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд тайи даҳ соли ахир ҳамон тавре, ки лимити барқ бо вақту соат тақсим карда шудааст, ҳамчунон идома дорад.
Ҳоло аз гӯшаҳои дигари кишвар, аз ҷумла аз ноҳияи Файзобод, Ваҳдат, Нурободу Муъминобод низ дар тамоси телефонӣ аз эҳтимоли тағйир дар маҳдудияти барқ ва новақт тақсим шудани барқ изҳори ташвиш мекунанд. Аксари ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ки бинобар ин дигаргуниҳо дар лимити муъайяншудаи барқ, барои сокинони кишвар мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ пеш омадааст.
Додарой Аҳмадова, як сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки онҳо ба лимити ҳарсола одат кардаанд ва маъракаву ба меҳмони рафтану дастурхонкушоиву пухтупазро мувофиқ ба лимити ҷорӣ танзим мекунанд. Вай меафзояд, ҳоло, ки реҷаи барқрасонӣ дигар шудааст, сарҳисоби худро гум кардаанд.
Ҳамсуҳбатони дигари мо мегӯянд, ки вақте аз шабакаҳои барқтақсимкунии ноҳия сабаби тағйиротро пурсон мешаванд, онҳо баҳона пеш меоранд, ки гуё хатти барқ канда шудаасту пас аз таъмир боз вақти тақсими барқ ба ҳолати пешин бармегардад.
Лимити барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон сар аз 7-уми октябр ҷорӣ шуд. Тоҷикистон, ки дар фасли сармо ба 4 миллиард киловатт-соат барқи изофӣ ниёз дорад, аз моҳи октябр то апрел лимити шадид ҷорӣ мекунад. Тавзеъи барқ ба рустоҳои кишвар дар поёни зимистон ҳатто то ба ҳадди 3 соат дар шабонарӯз маҳдуд мешавад.