Дастаи занонаи волейболи Бадахшон – қаҳрамони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби занонаи волейболи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) қаҳрамони Тоҷикистон гардид
Дар ин бора ба Озодӣ Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “мусобиқаи қаҳрамонии кишвар оид ба волейбол миёни дастаҳои занона, ки дар толори варзишии маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе панҷ рӯз идома кард, 19-уми декабр ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа дастаҳои занонаи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, пойтахти кишвар ва водии Рашт ширкат доштанд. Дастаҳои мунтахаби ВМКБ ва Суғд ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда бо ғалабаи волейболбоззанони Бадахшон бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Барои ҷойи севум дастаи Душанбе-1 бар тими Душанбе-2 бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.”

Муродалӣ Тешаев афзуд, ба дастаи ғолиб ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ҷому ифтихорнома ва медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон супурда шуданд. Инчунин дар доираи барномаи “Зан ва варзиш” ғолибон бо тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.