Ҳудуди як сол пеш аз ин, вақте соли нави 2012 фаро расид, аксарият ба орзуҳои хуб онро пешвоз гирифта ва умедвори он буданд, ки ин сол барояшон муваффақияту комёбӣ биёрад.
Ҳоло бо гузашти як сол хабарнигори "Озодӣ" ба хиёбонҳои Душанбе баромад ва аз сокинони пойтахт пурсид, ки дар соли 2012 ба чӣ дастовардҳое ноил шуданд ва ин сол барои онҳо чӣ соле буд?
Бархе ин солро барои худ хотирмон ва гуворо хонданд, чун дар ҷодаи худ ба муваффиқият даст ёфта ва соҳибунвон гаштаанд.
Агар яке ҳам комёбии худ инро медонад, ки дар ин сол соҳиби хонаи худӣ шудааст, дигаре такя задан ба курсии донишҷӯиро муваффақияти худ мепиндорад.
Як раҳгузари дигар инро комёбии худ медонад, ки имсол хонавода барпо кардаву зиндагии ширин дорад. Як модар ҳам орзу доштааст, ки фарзандонаш донишҷӯ шаванд, ки ин орзӯи модаронаи ӯ ҷомаи амал пӯшидааст.
Агар як раҳгузар аз ин шукргузорӣ мекунад, ки баъд аз як соли бекорӣ, соҳиби кори доимӣ шудааст, аммо як зан аз сахтиҳои рӯзгор дар ин сол лаб во мекунад.
Аммо барои Шумо чӣ корбарони азиз, дар соли 2012, соле, ки моро мегузораду меравад, ба чи муваффақиятҳо даст ёфтаед ва ё то куҷо нақшаву орзуҳои Шумо ҷомаи амал пӯшидааст? Навори зерро бубинед ва назароти худро ҳам бинависед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад