Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаи умумӣ дар Русия ширкат доранд.
Дар ин мусобиқа, ки рӯзи 9-уми декабр дар шаҳри Медини вилояти Калуга шурӯъ шуд, Тоҷикистонро Аёмиддини Маҳмадраҷаб (60 кг), Искандар Сатторов (65 кг) ва Илиёр Абдулаҳадов (70 кг) бо роҳбарии мураббӣ Собир Каримов намояндагӣ мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи муҳорибаи сабук ва классикӣ миёни мардону занон бо ширкати варзишгарони тақрибан 40 кишвар то рӯзи 17-уми декабр идома хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, муҳорибаи умумӣ иҷрои машқҳоро дар пайроҳаи монеадор, тирандозӣ аз аслиҳаи пневматикӣ, ҳаво додани корди варзишӣ ва қувваозмоӣ дар ринг дарбар мегирад. Ин навъи варзиш на танҳо дар сохторҳои қудратии кишварҳои мухталиф, балки дар ҷаҳон маъруф гаштааст.