Тазоҳуроти тоҷикон ҷомеаи Русияро нигарон кардааст

Расонаҳои Русия бо ишора ба корпартоиҳои ахири тоҷикон ҳушдор медиҳанд, ки минбаъд муҳоҷирон дар ин кишвар аз тазоҳурот бештар кор хоҳанд бурд.
Дар Русия на танҳо миллатгароён, балки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо назардошти корпартоиҳои ахири тоҷикон дар Маскав ва Санкт Петербург, аз он ҳушдор медиҳанд, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар барои ҳалли мушкилоташон бештар ба тазоҳурот даст хоҳанд зад.

Расонаҳои русӣ менависанд, шароити ғуломонаи ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва надоштани додрасе онҳоро водор мекунад, ки барои ҷалби диққати масъулин ба мушкилоти худ даст ба тазоҳурот зананд.

Ба сифати далел, тазоҳуроти ахири кӯчарӯбҳои тоҷикро дар шаҳри Маскав мисол меоранд, ки дар рӯзи барфӣ, корпартоӣ намуданд, то ба саҳми масъулин расонанд, ки ним сол боз маош нагирифтаанд. Ин гурӯҳи тоҷикон чанд моҳ бемаош аз субҳи барвақт то шаб кор карда, хӯрокашон танҳо нон ва маҳалли зисташон як таҳхонае будааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд чунин ҳолати муҳоҷирон дар Русия сари ҳар қадам ҷой дорад.

Ба навиштаи матбуоти русӣ, тазоҳуротҳои ахир, гарчанде асос доштанд, боис гардидаанд, ки рӯҳияи бадбинӣ нисбати муҳоҷирон, на танҳо миллатгароён, балки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ фаро гирад.

ВАО-и Русия дар ин шабу рӯзҳо пешгӯиҳои рӯзноманигор, Юлия Латинин, ки чанд моҳ пеш афзоиши тазоҳурот миёни муҳоҷиронро пешгӯӣ карда буд, зиёд ба нашр мерасонанд ва аз қавли ин рӯзноманигор илоҷи воқеаро, хориҷ кардани муҳоҷирон арзёбӣ мекунанд. Қаблан Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, низ пешниҳод карда буд, ки Маскав аз муҳоҷирони корӣ "тоза" шавад.

Дар ҳамин ҳол матбуоти кишварҳои ғарб менависад, чунин сурат гирифтани кор, амалишавии нақшаҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро, ки ният дорад дар ҳудуди ИДМ, Иттиҳоди гумрукӣ ва АвруОсиёро созмон диҳад, мушкил мекунад.