Сокинони Хоҷа Обигарм бе оби гарм мондаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар аз сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", аз қатъ шудани оби гарм ба манзилҳояшон, эътироз карданд. Сокинони деҳоти атрофи осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" дар 50 километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон, ба нишони эътироз ба қатъ шудани оби гарм, дар назди бинои ин осоишгоҳ, таҷаммӯъ карда, талаб доштанд, ки масъулини осоишгоҳ вазъи баамаломадаро шарҳ диҳанд.