Шаҳрвандоне, ки хоҳиши муҳоҷирати корӣ ба Русияро доранд, аз ин ба баъд метавонанд сертификати забони русиро дар Душанбе дарёфт намоянд.
Маркази улум ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар сомонаи намояндагии худ эълон кардааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши муҳоҷират ба Русия доранд, дар шаҳри Душанбе санҷиши забони русиро анҷом дода ва дар ҳамин ҷо ба онҳо «сертификат» хоҳад дод.
Як намояндаи Маркази улум ва фарҳанги Русия дар Душанбе рӯзи ҷумъа ба "Озодӣ" гуфт, ки то кунун 8 нафар ба ин марказ ариза пешниҳод кардаанд ва бо расидани шумораи муроҷиаткунандагон ба 30 тан, аз онҳо имтиҳон гирифта мешавад.
Аз ин ба баъд, афроде, ки хоҳиши муҳоҷирати корӣ ба Русияро доранд, метавонанд ба Маркази улум ва фарҳанги Русия дар Душанбе муроҷиат кунанд ва соҳиби сертификат шаванд. Маркази фарҳанги Русия аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки барои маълумоти бештар, ба ин нишона http://tjk.rs.gov.ru/sites/tjk.rs.gov.ru/files/for migrate муроҷиат намоянд.
Пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҳуҳуқҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, донистани забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, ҳатмӣ дониста шуд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нимаи аввали моҳи ноябр қонуни нав дар бораи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷиронро имзо кард ва ин қонун сар аз таърихи 1-уми декабр ба ҳукми иҷро даромад.
Бар пояи ин қонун, барои дарёфти иҷозаи кор дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, тиҷорату хизматрасонӣ, муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид бо Русия бояд забондонии худро бо пешниҳоди муҷаввиз собит кунанд. Ин муҷаввиз ба муҳоҷир баъд аз супурдани имтиҳони забони русӣ дода мешавад. Ҳамчунин бояд муҳоҷирони корӣ санади хатми мактаби миёнаро, ки дар қаламрави Русия шинохта шудааст, бо худ дошта бошанд.
Қонуни нав аз кормандони соҳаи тиҷорату савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии коммуналӣ тақозо мекунад, ки имтиҳони забонро супоранд. Барои ба кор қабул шудани муҳоҷирони хориҷӣ, мегӯянд муаллифони қонун, забони русии шахс бояд болотар “аз як саҳти ҳадди аққал” бошад. Барои собит кардани забондонии худ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳодатнома ё сертификати имҳони давлатии забони русӣ ё санадҳои дигарро намоиш диҳад.
Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтаанд, ки чунин имтиҳонро ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ хоҳанд гузашт. Ба қавли мақомот, пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хизматрасонӣ, шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русии ӯро намоиш диҳад. Агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои намоиши чунин як санад пеш намеояд.
Ҳукумати Русия мегӯяд, ки ин қадами нахустин буда, дар оянда, аниқтараш то соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Русия қабул мешавад. Аз рӯи ин муқаррарот, муҳоҷирони корӣ баъди се сол бояд дар баробари имтиҳони забони русӣ, имтиҳони таърихи ин кишварро низ супоранд.
Нияти мақомоти Русия барои ворид кардани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ аз он ҷо бармеояд, ки шумори хеле зиёди онҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ноомада сафар мекунанд ва забони русиро намедонанд. Аз рӯи иттилои коршиносон, ҳар сол на камтар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд ва шумори хеле зиёди онҳо ҷавононе мебошанд, ки аз рустову манотиқи дурдасти кишвар канда шуда таҷрибаи муошират ба забони русиро нагузаштаанд. Илова ба ин, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёна, ба хусус дар манотиқи дурдаст назар ба солҳои шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст.
Вале, ба қавли баъзе мунаққидон, қонуни нави забон метавонад барои бархе мақомдорон даричаи наверо барои ришвату фасод боз кунад, ки бо истифода аз заъфияти мақоми муҳоҷирон дар Русия, ба онҳо фишорҳои нав меоваранд.