Барои бошандагони Шӯравии собиқ ошхона ҳамчун ҷои муҳимтарин баҳсҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боқӣ мондааст.
Ҳарчанд дигар Шӯравӣ вуҷуд надорад ва ҳамватанони собиқ акнун барои якдигар шаҳрвандони кишвари хориҷӣ шудаанд, ошхона ҳанӯз ҳам статуси худро аз даст надодааст ва ҳамчунон макони сӯҳбатҳои сиёсиву иҷтимоӣ боқӣ мондааст. Эҳтимолан мавзӯъи гуфтугӯҳо каме дигар шуда ва шояд тафаккури мардум ҳам акнун шӯравӣ нест. Дар ҳар сурат ҷолиб аст, ки мардум имрӯз дар ошхонаҳои худ кадом мавзӯъҳоро баррасӣ мекунанд?
Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, ки сари кадом мавзӯъ сӯҳбат кардан бештар бо сатҳи фаҳмишу дониши аҳли нишаст бастагӣ дорад. Аксар вақт ин сӯҳбат аз мавзӯъҳои дохили хонавода шурӯъ шуда, сипас ба дигар мавзӯъҳо, бештар ба мушкилоти рӯзгор мепечад. “Дар оила аз мавзӯъҳои оилавӣ сӯҳбат мекунанд... Баъдан асосан атрофи мавзӯъҳои интеллектуалӣ ҳарф мезанем”, мегӯяд ӯ ва меафзояд, “албатта, дар кишвар корҳои шоистаи таъриф ҳам ҳастанд, мушкилиҳои ҳалношуда ҳам зиёданд ва ману ҳамсарам бештар дар ин бораҳо баҳс мекунем. Аммо бо падарам сари дастархон баҳси идеологӣ ҷараён мегирад, зеро падарам профессори фалсафа ва комунисти ҳақиқӣ ҳастанд ва, аз ин рӯ, дар бораи демократияву замони шӯравию идеологияи комунистӣ баҳсу мунозираамон ҷиддӣ мешавад. Синни падарам аз 80 гузаштааст ва аммо фикру мантиқи хело ҳам қавӣ дорад”.
Ҷаноби Шарифов меафзояд, ӯ аксар вақт кӯшиш мекунад то аз сӯҳбати сиёсӣ канорагирӣ кунад, аммо азбаски хонумаш чун худаш таҳлилгар ва сиёсатмадор аст, баҳс сӯи мавзӯъҳои сиёсӣ ҳам ғел мехӯрад. Баъзан баҳс атрофи ягон мавзӯи доғи нашрияҳову интернет сари дастархони онҳо ҳам идома меёбад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта ва раиси созмони “Перспектива плюс” мегӯяд, ки ҳангоми таоми шом ва баъд аз он сӯҳбат аз масъалаҳои оилавӣ, аз он бора, ки чӣ гап шуд, чӣ кор анҷом ёфт, чӣ мушкилиҳо мавҷуд аст, набераҳо чӣ кор карданд, чӣ ёд гирифтанд, шурӯъ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар оилаи онҳо бисёр вақт мавзӯъҳои доғе мисли баста шудани “Фейсбук” ҳам метавонад боиси мунозира гардад. Ӯ мутмаин аст, ки сӯҳбат дар аксар хонаводаҳо – ҳам зиёиву ҳам кишоварз сӯи мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти рӯзгор – бебарқиву боло рафтани нарху навои бозор, маошу ҷойи кор, ҳолу аҳволи пайвандони муҳоҷирашон ҷараён мегирад, яъне аз мавзӯъҳое, ки ҳеҷ хонаводае наметавонад аз онҳо сарфи назар кунад.
Аммо, меафзояд Ойниҳол Бобоназарова, дар бештари оилаҳо сӯҳбат беихтиёр ба мавзӯъҳои умдаи сиёсӣ мепечад. Ӯ мегӯяд, ки “оид ба интихобот ҳам сӯҳбат мешавад, ки интихобот чӣ гуна мегузарад, масалан, кӣ президент мешавад, ё кадом вазирҳоро аз кор мегиранд...Мардум ҳатто бисёр вақт шояд худро фиреб мекунанд, зеро фикр мекунанд, ки агар ин ё он вазирро аз кор гирифтанд, албатта, ягон дигаргунӣ мешавад, вазъи онҳо беҳтар мегардад, аммо то он вақте, ки низом дигар нашавад, чизеро дигар кардан мушкил аст”.
Хонум Бобоназарова меафзояд, вазъият аз замони шӯравӣ, ки мардум дар ошхонаву сари дастархон ҳукумату Брежневро «ғайбат» мекарданд, пинҳонӣ барномаҳои радиоҳои хориҷиро гӯш мекарданд, латифаҳои зиддидавлатӣ мегуфтанд, зиёд тағйир нахӯрдааст. Фарқ шояд ҳамин аст, ки акнун ҳама гуна иттилоъ дастрас аст ва ҳоҷат ба пинҳонӣ гӯш кардани радиову хондани рӯзномаҳои мамнӯъ нест.
Ӯ мегӯяд, ду рӯз пеш яке аз имом-хатибҳои вилояти Суғд аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки мардум дар хонаву чойхона як ҳарф мезананд ва аммо дар ҳузури мансабдорон ҳарфи дигар. Тарси гуфтани ҳақиқат, ки замони шӯравӣ дар дили мардум ҷой шуда буд, то ҳол дар хунҳо боқист, мардум аз баёни гапи рост парҳез мекунанд, ва ҷавонон ҳам дурӯя тарбия меёбанд. «Имрӯз ҳар нафар дар хона ё ки дар сӯҳбати маҳрамона он қадар ҳукуматро танқид мекунад, ки ҳад надорад ва аммо дар маҷлисҳо мебинед, ки омодаанд дастбӯсӣ кунанд».
Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам ба бештар тарсуву дурӯя шудани мардум мусоидат кардааст. Ва баъзан ҳолатҳои аҷибулғароибе ҳам рӯй медиҳанд. Ӯ аз шоира Гулрухсор намуна овард, ки боре аз як зан хостааст то писарчаашро барои дар кӯча донаи офтобпараст хойида партофтан коҳиш кунад ва аммо дар посух шунидааст, ки «Боз ҷангро сар карданӣ ҳастед?»
Ҳамзамон мусоҳибони мо мегӯянд, вақте аҳли ҳунар ҳам дар манзиле сарҷамъ меоянд, албатта гап аз мушкилот меравад ва аммо бештар аз мушкилоти марбут ба касбу ҳунар. Шодӣ Солеҳов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар даври хонавода онҳо низ чун дигарҳо аз мушкилиҳои рӯзгор ҳарф мезананд ва сӯҳбат гоҳ-гоҳ ба мавзӯи театру намоишномаву филмҳо ҳам мепечад. Аммо агар ҳампешаҳо бо ҳам биёянд, мавзӯи театр, аниқтараш, мушкили театр, ҳатман дар меҳвар қарор мегирад: «Ман ба қарибӣ як намоишномаро аз рӯи асари худам дар саҳна гузаштам бо номи “Тӯҳфа аз муҳоҷират”. Чаҳор-панҷ бор онро намоиш додем, аммо ҳунармандҳо то ҳол костюми саҳнавӣ надорад ва маҷбуранд, ки бо либосҳои худ нақш иҷро кунанд. Ва агар шоме дар хонае ҷамъ шавем, гап фақат аз костюмҳо меравад... Ин магар санъат аст, пас мардум чӣ гуна театр раванд...”
Ойниҳол Бобоназарова ҳам мегӯяд, ки чун дар оилаашон қариб ҳама ҳуқуқдонанд, на фақат дар ҷамъи ҳамкорон, балки сари дастархони шом ҳам бисёр вақт гуфтугӯ сари ин ё он қонун ҷараён мегирад.