"Аҳзоб аз мушкилоти занон танҳо рӯсариро мебинанд"

Зулайхо Усмонова

Зулайхо Усмонова, олими тоҷик, ки дар мавзӯи баробарии ҷинсӣ дар Тоҷикистон рисолаи докторӣ менависад, натиҷаҳои ибтидоии пажӯҳишҳои илмиашро муаррифӣ намуд.
Хонум Усмонова докторанти пажӯҳишгоҳи фалсафа, таърих ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи душанбе, 3-юми декабр, дар як маҳфили бахшида ба масоили гендерӣ дар маркази «Душанбе арт граунд» ба ҷавонон натиҷаҳои пешакии пажӯҳишҳои илмиашро муаррифӣ намуд.

Усмонова баъди муаррифӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ оиди бурду бохти чорабиниҳое, амсоли «Чакомаи гесӯ», масъалаи рӯсарии занони тоҷик ва мушкилоти дигари ҷинси латиф дар Тоҷикистон изҳори назар кард.

Озодӣ: Ба назари Шумо чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа тавассути ҷашнвораҳое мисли «Чакомаи гесӯ» то куҷо муассиранд?

Усмонова: Ба назари ман баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ назири «Чакомаи гесу» хеле хуб аст. Хусусан, агар ба ин ҷашнвора аз нуқтаи назари фарҳангшиносӣ нигарем. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ширкат карда, фарҳанги хоси худ, либосҳояшонро муаррифӣ карданд. Идеяи асосии чорабинӣ ин буд, ки зан ва духтари тоҷик метавонад бо сари луч гардад ва мӯйҳояшро нишон диҳад. Махсусан, агар мӯйҳояш зебо бошад. Агар намехоҳад бо мӯи урён дар кӯча ҳозир шавад, метавонад тоқӣ пӯшад ва ё рӯймоли тоҷикӣ бандад. Аммо камбудии ин озмун дар он буд, ки таваҷҷӯҳ танҳо ба сурати духтарон равона гардидааст. Дар ин ҷашнвора симои зани маълумотдор, аз ҷиҳати молиявӣ мустақил ва оқил намоиш дода нашуд. Ташкилкунандагони ин ҷашнвора метавонистанд асолати дунявӣ будани давлати моро чуқуртар дарк карда, дар ин чорабинӣ мазмуну арзишҳои нав, образҳои иловагӣ ворид созанд.

Озодӣ: Мо ҳоло дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки рӯсарии занона ашёи баҳси ҳукумат ва аҳзоби мухолиф аст. Чаро масъалаи рӯсарии духтарон вақтҳои охир то ин дараҷа тезутунд мешавад?

Усмонова: Ростӣ, намефаҳмам чаро ин масъалаи ночиз ва то як андоза ҷузъӣ, мавзӯи баҳсҳои сиёсӣ мешавад. Дар ин росто мушкилоти зиёд ва муҳимтаре дорем, ки месазад, сари онҳо баҳсу андеша кард. Бояд ҳоло бештар сари маърифатнок кардани занону духтарон андеша кунем. Барои духтарону занон новобаста аз синну сол шароити хуби таҳсилро фароҳам биёрем. Зан бояд ҳадди ақал маълумоти миёнаи пурра дошта бошад.

Озодӣ: Ба назари Шумо масъалаҳои воқеан мубрам кадомҳоянд, ки ҷомеа ва аҳзоби сиёсӣ бояд болои онҳо таваҷҷӯҳ кунад?

Усмонова: Қашоқии занҳо, хусусан занони деҳоти дурдаст, мушкилоти муҳоҷират, дастрасии занон ба қарзҳои хурд, ба қитъаи замини корам ва албатта масъалаи маълумотнокии занон низ муҳим аст. Масалан, бо ибтикори раисиҷумҳур барои духтарони минтақаҳои дурдаст квота барои таҳсил ҷудо шуд. Ман мехостам, ки квота на танҳо ба духтарони деҳот, балки ба дигарҳо, аз ҷумла барои занони солманде, ки мехоҳанд маълумоти олӣ гиранд, ҷудо шавад. Ҳамаи ин мушкилот метавонистанд, ҷузъе аз барномаи ҳизбҳо бошад. Вале мутассифона аҳзобе, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳастанд, танҳо ба рӯсарии занон таваҷҷӯҳ мекунанду халос. Ҳол он, ки ин проблема нест. Мо занон медонем ки чӣ пӯшем ва чӣ не? Гузоред мо либоси худамонро мустақилона интихоб кунем. Мо дар давлати демократӣ ва дунявӣ зиндагӣ дорем.