«Экологияи сиёсии Тошканд» дар Токио беҳтарин дониста шуд

Қамар Аҳрор, хабарнигори тоҷик.

Қамари Аҳрор, рӯзноманигори тоҷик бо мақолаи “Экологияи сиёсии Тошканд” дар озмуни байналмиллалии журналистони кишварҳои Осиё дар Токио, ғолиб эълон шудааст.
Қамари Аҳрор, хабарнигори нашрияи "Фараж" дар вилояти Суғд, бо мақолаи “Экологияи сиёсии Тошканд” дар озмуни байналмилалии эълонкардаи «Asian Development Bank Institute» (Бонки Осиёии Рушд) дар мавзӯи вазъи зистмуҳитии минтақа, беҳтарин дониста шудааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж», рӯзи душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақолаи «Экологияи сиёсии Тошканд», ба партовгоҳҳое, ки дар натиҷаи истеҳсоли метал ва сементи Узбакистон дар марзи навоҳии Тоҷикистон ҳосил мешаванд, бахшида шудааст. Муаллифи матлаб таъкид намудаст, ки ин партовгоҳҳо аз таваҷҷуҳи масъулини узбак дур монда, солҳо боз безарар нашудаанд.

Дар мақола сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва навоҳии дигари марзӣ бо Узбакистон аз афзоиши ҳаҷми партовгоҳи наздисарҳадии марбут ба корхонаи металлургияи кӯҳии шаҳраки Олмалиқи Узбакистон нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ин партовгоҳ ба заминҳои кишт, чорво ва барои сокинон асароти манфие боқӣ гузоштааст.

Аз ҷониби дигар мақомоти Тошканд, мавзӯи экологияро ба сиёсат табдил дода, Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо корхонаи алюминиум, фазои экологии минтақаро олуда мекунад.