Хонаводаи Аноргул аз бебарқиҳо ба Душанбе кӯчидааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бебарқӣ ва риоя нашудани лимити таъиншудаи барқ, сокинони канораҳои Душанберо ба марказ мекашонад ва иҷоранишин мекунад. Баробари сард шудани ҳаво, такопӯи мардуме, ки дар маҳалҳои гирду атрофи шаҳр ба сар мебаранд, барои дарёфти манзили иҷораи нисбатан арзонтар дар Душанбе ҳарчӣ бештар мешавад ва бо истифода аз ин фурсат, нархи манзилҳои иҷора ҳам торафт боло меравад. Дар ин навор Аноргул, як сокини атрофи Душанбе аз саргардониҳои худ ҳикоят мекунад.