Феликс Қулов аз мақомаш истеъфо дод

Феликс Қулов мақоми раиси эътилофи парлумониро тарк намуд. Ба ин эътилоф ҷиноҳҳои ҳизбҳои “Ота Макон”, “Ору номус” ва Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон шомиланд.

Қулов дар бораи истеъфояш дар нишасти ғайринавбатии ҷиноҳи ҳизби “Ору номус” дар парлумон хабар дод. Ӯ истеъфои худро бо интихобот ба шӯрои шаҳри Бишкек марбут кард. Феликс Қулов гуфт, ки ҷиноҳҳои ҳизбҳои “Ота Макон”, “Ору номус” ва Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон интихоботи одилонаву шаффофро таъмин карда натавонистанд, аз ин рӯ ӯ ҳаққи сарварии эътилофи парлумониро надорад.

Феликс Қулов аз сиёсатмадорони варзидаи Қирғизистон маҳсуб мешавад ва чанд муддат курсии сарвазири кишварро ишғол карда буд.