Дар Қазоқистон "Олға" ва "Взгляд"-ро ҳам бастанд

Мақомоти Қазоқистон фаъолияти ҳизби сабтиномнашудаи “Олға” ва нашрияи мухолифи “Взгляд”-ро мутаваққиф карданд. Михаил Сизов – муовини раҳбари “Олға” имрӯз ба Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳи Алма-Ато рӯзи шанбе ба дасти ӯ расидааст. Бино ба хабарҳо, фаъолияти ҳизбро то анҷоми тафтиш қатъ кардаанд. Бо ин ҳол, муовини сардабири “Взгляд” Олеся Шелкова низ хабар дод, ки ин нашрияи мухолиф низ бо қарори додгоҳ мутаваққиф шудааст. Додситонии Қазоқистон ҳафтаи гузашта бастани ҳудуди 40 созмону нашрияи мухолифро дархост кард ва алакай ба дунбол, нашрияи “Голос республики” баста шуд.