«Барқи тоҷик» мегӯяд, аксари нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, бе назардошти сатҳи об дар фасли зимистон тарҳрезию бунёд гардидаанд ва ин сабаби аслии шиддат ёфтани бӯҳрони барқ мебошад.
Масъулини «Барқи тоҷик» дар мисоли нерӯгоҳи «Норак», ки 70 дар сади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, шарҳ доданд, ки оби дарёи Вахш дар фасли зимистон баъзан нисфи талаботи ҳатто як чархаи ин нерӯгоҳро қонеъ намекунад. Дар ҳоле, ки барои фаъолияти 9 чархаи ин нерӯгоҳ 1300 метри мукааб об дар як сония зарур аст, ҳаҷми об дар зимистон то 60 метри мукааб дар як сония кам мешавад. Талаботи як чархаи «Норак» ба об, 150 метри мукааб дар як сония арзёбӣ мегардад.
Дар мавриди захираи обанбори «Норак» масъулин мегӯянд, ки ҳамасола онро то нуқтаи ниҳоии 910 метр пур мекунанд ва аз ин 60 метрашро захира ташкил медиҳад. Дар сурати то ба 857 метр поён омадани сатҳи об дар «Норак», дигар истифодаи оби обанбор метавонад фоҷиабор бошад.
Ин ширкат, ки тамоми соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон, аз марҳилаи тавлид то интиқол ва фурӯши нерӯро зери даст дорад, мегӯяд, ки якчанд соли оянда маҳдудияти барқ ногузир аст. Ба гуфтаи масъулини «Барқи тоҷик» агар маҳдудияти барқ ҷорӣ нагардад, захираи оби обанбори «Норак» танҳо барои 100 рӯз кифоят мекунаду халос. Дар ҳоле, ки фасли сармо ва камобии дарёи Вахш ҳамасола ҳудуди 212 рӯзро дар бар мегирад.
Масъулини "Барқи тоҷик" мегӯянд, ин камбудиро, ки зимни тарҳсозиҳо сурат гирифтааст, ахиран ниҳодҳои лоиҳакашӣ ҳам иқрор кардаанд ва қарор аст, ки минбаъд нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон маҳз бо назардошти сатҳи об дар фасли сармо бунёд гарданд.
Ин дар ҳолест, ки дар фасли тобистон сатҳи оби дарёҳо аз талабот ба маротиб зиёд аст ва тибқи ҳисоби худи масъулини энергетика, таи се соли охир дар паи раҳо кардани оби изофӣ Тоҷикистон ҳудуди ним миллиард доллари амрикоӣ аз даст додаст, ки баробари пули сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ё 25 фоизи буҷети солонаи кишвар мебошад.
Дар ҳамин ҳол дар навоҳии Тоҷикистон сар аз 7-уми октябр маҳдудияти барқ ҷорӣ гардидаст ва аҳолӣ аз 8 то 12 соат дар як шабонарӯз барқ мегирад. Соли гузашта дар кишвар аз 12-уми октябр ва соли пешӣ аз 1-уми ноябр маҳдудият ҷорӣ шуда буд.