Давлати Эрон мегӯяд, сипоҳи баҳрии Амрико дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон “иқдомоти ғайриқонунӣ ва тавтиаомез” анҷом дода ва ба такрор қаламрави ҳавоии Эронро нақз кардаанд. Муҳаммад Хазоӣ, сафири Эрон дар Созмони Милал, дар номае ба унвони Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Шӯрои Амният гуфтааст, ҳавопаймоҳои Амрико ҳашт маротиба дар моҳи октябр бар фарози маҳалҳои соҳилии шаҳри Бушеҳр парвоз кардаанд. Ӯ ҳамчунин парвози як ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар рӯзи якуми ноябрро зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ бо вуҷуди тамоми ҳушдорҳо ба қаламрави ҳавоии Эрон ворид шудааст. Дар ин нома, Муҳаммад Хазоӣ аз Созмони Милал хостааст, ба Амрико “алайҳи идомаи иқдомоти мухолиф бар қавонони байналмилал” ҳушдор бидиҳад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ингуна иқдомот “паёмадҳои бад” хоҳад дошт. Ҳукумати Амрико то кунун ин хабарро шарҳ надодааст.