Сафари вазири энержии Тоҷикистон ба Аврупо

Гул Шералӣ

Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар Вена-пойтахти Австрия бо канде Юмкелла-мудири кулли СММ дар умури энерживу саноат мулоқот ва барои тавсеаи барномаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон баъзе барномаҳоро матраҳ кард.

Мулоқоти онҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи СММ бо номи “Энержии устувор барои ҳама” баргузор шуд.

Дар мулоқот хотирнишон шуд, ки дар ояндаи наздик барои бахши озуқаи Тоҷикистон як миллион доллар ихтисос дода мешавад.

Гул Шералӣ пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар эҳдоси шабакаи интиқоли нируи барқ бо номи CASA-1000 густариш ёбад. Интизор меравад, ки вазири тоҷик бо раҳбарияти вазорати иқтисоди Австрия низ мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ кунад