Корманди милисаи тоҷикро ҷустуҷӯ мекунанд

Сафаралӣ Сафаров-корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз қаллобӣ дар ҳаҷми миллионҳо доллар, фирор кардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Рамазон Раҳимов- вазири умури дохилаи кишвар, лейтенанти калони милитсия, нозири шӯъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Сафаралӣ Сафаровро барои вайрон намудани талаботи оинномаи интизомӣ ва қаллобӣ аз вазифааш озод кард.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ бо пахши як иттилоия, корманди Вазорати умури дохилӣ Сафаров Сафарро, ки ба қаллобӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3 миллион доллар муттаҳам мешавад, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.