Русия мегӯяд, мухолифи густариши эҳтимолии мушакҳои Патриот (Patriot )-и паймони НАТО дар марзи Туркия бо Сурия мебошад. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич ҳангоми арзёбии тақозои Туркия дар мавриди ҷойгир намудани мушакҳо дар марзи ин кишвар бо Сурия гуфт, ки чунин иқдом назму суботи минтақаро тақвият нахоҳад дод. Рӯзи чоршанбе паймони НАТО иброз дошт, ки Туркия бо ҳадафи ҳимоят аз ҳамлаҳои Сурия аз паймон расман кумак хостааст. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфтааст, ки паймон бидуни таъхир ин дархостро баррасӣ мекунад. Аз байни кишварҳои узви НАТО фақат ИМА, Олмон ва Ҳолланд мушакҳои Патриот дар ихтиёр доранд. Ҳафтаи оянда ҳайати кории НАТО барои арзёбии имкони ҷойгир намудани мушакҳо ба Туркия сафар мекунад.