Изҳори таассуфи “Афви байналмилалӣ” аз эъдомҳо

Созмони “Афви байналмилалӣ” аз тасмими давлати Афғонистон ба эъдоми 14 маҳбус дар 2 рӯзи охир изҳори таассуф кард. Сухангӯи давлати Афғонистон рӯзи чоршанбе иҷрои ҳукми қатли боз 6 маҳбусро тасдиқ кард. “Афви байналмилалӣ” гуфт, дар бораи омодагӣ ба эъдомҳои бештар маълумот гирифтааст. Ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, иҷрои ҳукми эъдомҳо дар Афғонистон “бештар ангезаи сиёсӣ дорад, то ҳуқуқӣ”. Толибон ҳушдор додаанд, ки агар ҷангиёни ин ҷунбишро эъдом кунанд, интиқом хоҳанд ҷуст.