Ба навиштаи хабаргузории Азияи Плюс дар бинои Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ дар шаҳри Душанбе як навраси 12-сола лату кӯб шудааст. Модари ин наврас Инобат Ёқубова ба Азия Плюс гуфтааст, ки 25-уми август писарашро дар хонаи устоди забони арабӣ ҳамроҳ бо устодаш ва дӯсти устодаш бо иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт намуда, то 28-уми август дар бинои идораи амниятии пойтахти Тоҷикистон нигаҳ доштаанд. Модари ин наврас ба Азияи Плюс гуфтааст, ки муфаттишон писари ӯро лату кӯб карда, тақозо доштаанд, ки бар зидди устодаш маълумот диҳад. Ба гуфти хонум Ёқубова ҳоло вакили мудофиаи ин наврас Шӯҳрат Қудратов ба додситонии кулли ҷумҳурӣ бо талаби муҷозоти муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муроҷиат кардааст.