Муштзани маъруфи тоҷик Шералӣ Достиев рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе нишасти хабарӣ доир кард.
Мавзӯи ин сӯҳбат бо матбуот, ки ширкати “Taj Promotion” ташкил намуд, набарди қарибулвуқӯъи ин муштзани ҳирфаӣ бо рақибаш аз Украина Мамед Ёдгоров буд.
Набарди Шералӣ Достиев бо Мамед Ёдгорови 28-сола рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Черкассии Украина баргузор хоҳад шуд. Муштзани украинӣ дар бокси ҳирфаӣ ҳамагӣ 23 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 16-тоаш пирӯз шудааст, 6 қувваозмоиро бохтааст ва яктоаш бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфтааст.
Шералӣ Достиев тарки бокси ҳаваскорӣ намуда, се соли ахир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бокси ҳирфаӣ зӯрозмоӣ кардааст. Вай дар нишасти хабарӣ дар бораи набардҳояш дар бокси ҳирфаӣ гуфт, “ибтидо ҳадафи ман аз сафар ба Амрико омӯзиши забони инглисӣ буд, вале ҳунари муштзаниям аз сӯи мутахассисони бокс кашф шуд ва маро ба бокси ҳирфаӣ даъват карданд. Аммо боз ҳам муҳаббати ман аз ҳар кори дигар ба муштзании ҳирфаӣ бештар аст ва идомаи рушди худро дар ин навъи варзиш мебинам.”
Шералӣ Достиев барои даҳумин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ ҳоло дар шаҳри Душанбе таҳти раҳбарии мураббӣ, Абдурашид Мамадҷонов омодагӣ мегирад ва мутмаин аст, ки заҳматҳои ӯ ва устодаш дар ин риштаи варзиш бесамар нахоҳад буд.
Шералӣ Достиев 12-уми январи соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз синни 13-солагӣ то ҳоло таҳти раҳбарии мураббӣ Абдурашид Мамадҷонов (мудири мактаби варзишии бачагону наврасони захоири олимпии рақами 2-и Душанбе) ба бокс машғул аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошад. Дар бокси ҳаваскорӣ барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (соли 2005), ғолиби Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (2003), ҷоизадори мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни донишҷӯён (2006) буда, ду бор (солҳои 2004 ва 2008) дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ кардааст.
Шералӣ Достиев аз соли 2009-ум дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад. Ҳамагӣ 9 қувваозмоӣ анҷом додааст ва дар ҳаштоаш пирӯз гашта, яктоашро мусовӣ кардааст.
Шералӣ Достиев меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ буд ва сӯҳбати шореҳи варзиши радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо ӯ пешкаши шумо мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад