Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи субҳи 19-уми ноябр дар баробари масоили корӣ вазъияти ахири Фаластинро низ мавриди баррасӣ қарор додааст. Дафтари матбуоти ҲНИТ мегӯяд, ширкатдорони ҷаласа ҳамлаҳои ҳавоӣ ва баҳрии Исроил алайҳи мардуми Фаластинро "сахт маҳкум намуда, устуворӣ дар муқовимат ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худро ҳаққи қонунӣ ва машрӯи фаластиниён" донистаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, дар ҷаласа гуфта шудааст, ки "ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикон низ набояд дар чунин вазъияти бӯҳронӣ барои тамоми мусалмонон бетараф бошем". Зеро ба ақидаи иштирокчиёни ҷаласа, "мусалмон бародари мусалмон аст ва дар ғаму дарди ҳамдигар бо ҳам шарик бошанд."