Театри лӯхтаки Душанбе дар ҷашнвораи дувуми “Ортеке” дар Алма-Атои Қазоқистон соҳиби ҷоизаи аввал шудааст. Театри тоҷик ба ин ҷашнвораи театрҳои суннатӣ ва маросимӣ бо намоишномаи “Андешаҳо дар бораи ҷанг ва сулҳ”-и Зафар Ҷаводов ва Азим Аминов рафта буд. Намояндаи театр Наргис Розиқова ба хабаргузории “ТаҷИнформ” гуфтааст, театри лӯхтак моҳи майи соли оянда дар ҷашнвораи театрҳои лӯхтаки Эстония низ ширкат хоҳад варзид.