Дар садамае дар Миср 47 кӯдак ҳалок шудааст

Рӯзи шанбе бар асари бархӯрди қатор ба як автобус дар Миср 47 кӯдак кушта шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Осиют ба вуқӯъ пайваста ва дар натиҷа 13 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштаанд. Автобуси мазкур, 60 кӯдаки яке аз кӯдакистонҳоро барои саёҳат мебурдааст ва дар роҳи оҳан дар маҳаллаи Манфалут воқеъ дар 356 километрии ҷануби шаҳри Қоҳира пеши роҳи қатор мондааст. Ҳамаи кӯдакон аз 4 то 6-сола будаанд. Рашод ал-Матинӣ вазири нақлиёти Миср аз мақомаш истеъфо дода ва гуфтааст, ки “масъулияти“ ин фоҷиаро бар дӯш мегирад. Раиси Идораи роҳи оҳани Миср истеъфо додааст.