Падари як маҳбус: «Як сол боз фарзандамро дида наметавонам»

Падари яке аз маҳбусони зиндони шумораи аввали Душанбе мегӯяд, аз як сол ба ин тараф аз аҳволи писараш хабар надорад.
Абдукарим Абдулмадудови 71-сола, падари яке аз маҳбусони зиндони рақами аввали пойтахт ба «Озодӣ» гуфт, ки беш аз як сол мешавад, масъулони ин зиндон имкон намедиҳанд, ки бо фарзандаш Баҳодур Абдулмадудов мулоқот кунад ва аз аҳволи вай бохабар шавад.

Абдукарим Абдулмадудов, сокини ноҳияи Темурмалик мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр ба Раёсати ислоҳии зиндонҳо ариза навишта, хостори мулоқот бо фарзандаш шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, дар Раёсати ислоҳӣ гуфтаанд, ки метавонад бидуни ариза фарзандашро бубинад. Вале вақте барои писараш либосҳои гарму ғизо овард, дар қабулгоҳи маҳбаси рақами аввал ба вай гуфтаанд, ки моҳи августи соли 2013 биёяд ва бо фарзндаш мулоқот кунад.

Абдукарим Абдулмадудов мегӯяд, ки бовар надорад, ки фарзандаш Баҳодур Абдулмадудов зинда бошад ва ба ҳамин далел кормандони маҳбас баҳонаҷӯӣ мекунанд.

Аммо як масъули Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки Баҳодур Абдулмадудов воқеан дар маҳбаси рақами аввал адои ҷазо мекунад ва зиндаву саломат аст. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Баҳодур Абдулмадудов аз ҷумлаи маҳбусоне аст, ки дар соли 2006 дар зиндони Қӯрғонтеппа даст ба ошӯб зада буданд ва бо қарори Додгоҳи олӣ ӯро ба 26 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуда, ба маҳбаси рақами аввал интиқол доданд.

Намояндаи Раёсати ислоҳӣ меафзояд, ки дар ҳамин қарори додгоҳ омадааст, ки волидони Баҳодур Абдулмадудов метавонанд дар сол ҳамагӣ ду маротиба бо вай мулоқот кунанд. Зеро вай дар шароити низомаш сангин адои ҷазо мекунад.

Додгоҳи Тоҷикистон 31-юми июли соли 2006, дувоздаҳ тан аз маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппаро ба ҷурми барангехтани ошӯб дар маҳбаси низомаш шадид, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Аз ҷумла додгоҳ Баҳодур Абдулмадудовро саркардаи ошӯбгарон дониста ва ӯро ба 29 сол зиндон маҳкум намуд. Дар маҷмӯъ додгоҳ барои ҳар як аз маҳбусон на камтар аз 20 сол зиндон ҷазо муқаррар карда буд. Чаҳор маъмури амниятии зиндон, ки додгоҳ онҳоро дар бурузи ошӯб гунаҳкор медонист, ба муҳлатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.

Волидони зиндониҳо иддао, ки бо фарзандонашон дар зиндон бадрафторӣ шудааст ва иллати эътирози маҳбусон низ ҳамон бадрафтории маъмурони амниятӣ будааст. Мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунанд.