Cарвазири Ҷопон парлумонро пароканда кард

Ёсихико Нода

Сарвазири Ҷопон Ёсихико Нода палатаи поёнии парлумонро пароканда кард – ин маънои онро дорад, ки моҳи оянда дар кишвар интихоботи сартосарӣ баргузор мешавад.

Назарпурсиҳои афкори ҷомеъа ҳокиянд, ки Ҳизби демократи Нода шояд дар интихобот ба шикаст мувоҷеҳ шавад. Ба гуфтаи нозирон, баъд аз интихобот ҳукумати эътилофии заъиф ва ноустувор ташкил хоҳад шуд.

Нода – саввумин сарвазири Ҷопон баъд аз пирӯзии Ҳизби демократ дар интихоботи соли 2009 мебошад. То он вақт солҳои зиёд раҳбарии кишвар бар ӯҳдаи Ҳизби либерал-демократӣ буд.