Мақомот дар зиндони рақами 1-и Душанбе арзи маҳбусони норозӣ, аз ҷумла собиқ фармондеҳони мухолифинро шунидаанд.
Як ҳайати мақомоти додгоҳии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе аз маҳбаси рақами аввали пойтахт дидан карда, бо маҳбусон сӯҳбат анҷом додаанд.
Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳайат муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, муовини Додситонии кул, раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, додситони назоратӣ ва намояндагони ниҳодҳои дигари додгоҳии Тоҷикистон шомил буданд. Онҳо тӯли рӯз тақрибан бо 30 маҳбус сӯҳбат намуда, бо вазъи онҳо ва ҷараёни адои мӯҳлати ҷазояшон шинос шуданд.
Ин ҳайат аз ҷумла бо Иброҳим Ёрибеков, собиқ фармондеҳи оппозитсиюн ва Умар Шоҳмаҳмадов низ ҳамсӯҳбат шудаанд. Аслан сӯҳбат бо маҳбусоне сурат гирифтааст, ки бо ҳукми додгоҳҳо норозӣ буда, борҳо ба Додситонӣ, президенти Тоҷикистон, созмонҳо ва додгоҳҳои байналмилии ҳуқуқи башар шикоят кардаанд.
Намояндагони мақомоти додгоҳии Тоҷикистон арзу шикояти маҳбусонро шунида, ваъда додаанд, ки ба тамоми масъалаҳои марбут ба ҳукми онҳо расидагӣ хоҳанд кард. Қарор аст, мулоқоти дувуми онҳо рӯзи 23-юми ноябр дар маҳбаси рақами аввал баргузор шавад.
Созмон додани мулоқоти зиндониён бо мақомоти дахлдор дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир, бавижа пас аз марги мармузи зиндонӣ, Ҳамза Икромзода, ки ба даъвои наздиконаш, моҳи сентябри соли равон бар асари шиканҷа аз сӯи ходимони зиндон ба ҳалокат расидааст, интиқодҳо алайҳи низом ва раҳбарияти маҳбасҳои Тоҷикистон афзудааст. Додситони кулли Тоҷикистон баъди таҳқиқи ин ҳодиса гуфт, ки Икромзода даст ба худкушӣ задааст, вале айни замон, ҳодисаи марги Икромзода дар маҳбаси шаҳри Душанбе таҳқиқ мешавад.
Дар мулоқоти охирини худ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзи таҷлили иди милисаи тоҷик президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз мақомоти дахлдор талаб кард, ки аз шиканҷа даст кашанд.