Судяҳои дастнорас ва "Робин Гуд"-ҳои тоҷик

Дар Тоҷикистон қисми осебпазири ҷомеа ба додгоҳҳо дастрасӣ ва эътимоди лозима надоранд.
Муҳайё, сокини шаҳри Душанбе ва модари ду фарзанд мегӯяд, 4 соли пеш ӯро шавҳараш бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи хариди хона ба манзили модараш овард ва бо ҳамин дигар аз ӯ суроғ накард. Ҳоло шавҳари Муҳайё оилаи нав дорад ва ба Муҳайёву фарзандонаш ҳеҷ кӯмаки молӣ намерасонад.

Талошҳои худи Муҳайё, ки зани соҳибмаълумот аст ҷиҳати гирифтани ҳаққи кӯдакон ва ё алимент аз падари фарзандонаш бенатиҷа анҷом ёфтаву ӯ бо тифлаконаш дар чорсӯи зиндагӣ қарор дорад.

«Ҳам ба Кумитаи кор ба занон ва ҳам созмони занони ҳуқуқшинос муроҷиат кардам, аммо бенатиҷа. Барои таъмин бо вакили мудофеъ аз 600 то 800 сомонӣ талаб мекунанд. Аммо ман дар ҷое кор намекунам. Маъюбам, чашмонам хуб намебинанд. Намедонам ин кӯдаконро чӣ тавр ба по монам ва ба куҷо барои кӯмак муроҷиат кунам.»- мегӯяд Муҳайё.

Муҳайё танҳо зане дар Тоҷикитсон нест, ки ба мушкилоти дастрасӣ ба додгоҳҳо рӯ ба рӯ шудаст. Худи мақомоти кишвар ва ҳуқуқдонҳои тоҷик ҳам эътироф мекунанд, ки қишри осебпазири ҷомеа имрӯз ба адолати додгоҳӣ дастрасӣ надорад.

Ба манзури омӯзиш ва баррасии ин масъала, Бунёди Авруосиё ва Вазорати умури хориҷии Финландия дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бо фарогирии занон, кӯдакон ва афроди маълул як пажӯҳишро анҷом додаанд.

Азимҷон Сайфиддинов

Азимҷон Сайфиддинов, мушовири Бунёди Авруосиё дар Осёи Марказӣ ва раҳбари барномаи "Баробарӣ дар назди қонун ва дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ", дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пажӯҳиш собит кардааст, ки фаъолияти ғайримақбули мақомоти додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва мушкили дастрасӣ ба онҳо, эътимоди қишри осебпазири ҷомеаро, ба пешвоёни ғайрирасмӣ бештар кардааст.

Азимҷон Сайфиддинов аз ҷумла афзуд: «Бинобар мушкилоти иқтисодӣ, қишри осебпазири кишвар барои ҳалли мушкилот, назири тақсими моликият, ба қайдгирӣ дар манзил, азҳампошии оилаҳо ва сабти никоҳ на ба ниҳодҳои додгоҳӣ балки ба пешвоёни ғайри расмӣ муроҷиат мекунанд. Пешвоёни ғайри расмӣ, аз қабили намояндагони дин, бибиойтунҳо ва афроди бонуфузи маҳалла адолати судиро амалӣ мекунанд.»

Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ба маҳзи баланд будани кирояи вакилони мудофеъ ва ҳам ҳазинаи муроҷиат ба додгоҳҳо мардуми камбизоат дигар тавони дифоъ аз худ тавассути додгоҳҳоро аз даст додааст. Гуфта мешавад, айни ҳол барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, сокинон маҷбуранд, ки барои хадамоти вакили мудофеъ маблағи якуним то ду ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди сарфи маблағи зиёд касе замонат намедиҳад, ки қазия ба манфиати даъвогари камбизоат ҳал хоҳад шуд. Таҷриба нишон медиҳад, маъмулан дар Тоҷикистон даъвоҳои додгоҳӣ ба фойидаи ҷониби тавонманд анҷом меёбанд.

Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» мегӯяд, бархе аз ҳимоятгарон хоҳиши машғул шудан ба парвандаҳое, ки айбдоршавандаашон кӯдакон бошанд, надоранд. Зеро волидайн аксаран барои пардохти ҳаққи онҳо мушкилӣ мекашанд. Дар ин ҳолат коллегияи адвокатҳо маъмулан ҳимоятгарони камтаҷрибаро пешниҳод менамояд, ки ин навъи муносибат ноболиғонро амалан аз ҳимоят маҳрум мекунад.

Тоҷиддин Ҷалолов афзуд: «Дар системаи адвокатураи Тоҷикистон махсус ҳуқуқшиносон барои кӯдакон тақрибан нест. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз аввали боздошт бояд ҳуқуқи кӯдакро ҳимоятгар дифоъ кунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳуқуқшиносони адвокатураи шаҳру ноҳияҳо барои дифоъ аз кӯдакон чандон майл надоранд, зеро ҳаққи хизмати онҳо аз ҷониби буҷаи маҳал пардохт карда мешаванд ва он ночиз аст.»

Ба доди қишри камбизоат одатан танҳо созмонҳои ҷамъиятие мерасанд, ки ҳимоятгар ва машварати ҳуқуқии ройгон медиҳанд.

Зулфиқор Замонов, як масъули Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, ҳоли ҳозир дар кишвар ҳудуди 15 созмони ҷамъиятӣ амал мекунанд, ки ба қишри осебпазири кишвар кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд:
"Аз моҳи феврали соли ҷорӣ мо ба 2000 нафар машварати ҳуқуқӣ додем. Аксарият ба мо вобаста ба мушкилоти хонаводагӣ яъне ситонидани алимент, гирифтани талоқ ва муайян кардани падарӣ муроҷиат мекунанд. Дар минтақа тақрибан 15 дафтари мо фаъолият мебарад."

Аммо дасти ёрии ин созмонҳо чандон дароз нест, ки тамоми ниёзмандонро фаро бигирад. Ва бахши аъзами хонаводаҳои фақир, ки бинобар омори расмӣ, қариб нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ҳалли баҳсу моҷароҳоро дар усулҳои ғайрирасмӣ мебинанд.

Ин ҳолат боис шудаст, ки бархе раҳбарони маҳаллаву авлод ва ҳатто шахсиятҳои мӯътабари олами ҷиноӣ, бо кумак ба камбағалон худро Робин Гуд мегуморанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин ҳама наметавонад ҷои адолати додгоҳиро бигирад. Аммо истифодаи ин усулҳо то замоне, ки додгоҳҳо барои ҳама дастрас нагарданд, ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.