Фоҷиа болои фоҷиа. 10 куштаи суқути чархбол дар Машҳад

Бар асари суқути як чархболи кӯмакрасон дар шаҳри Машҳади Эрон, 10 тан аз сарнишинони он ҷони худро аз даст додаанд.
Ин чархбол дар ҳоли интиқоли осебдидагони як садамаи нақлиётӣ будааст. Хабагузориҳои Эрон ба нақл аз муовини раиси вилояти Хуросони Разавӣ гузориш додаанд, ки ин ҳодиса бомдоди рӯзи чаҳоршабеи 14-уми ноябри рух додаст.

Муҳаммад Ғаффорӣ гуфтааст: «Соати шашу панҷоҳ дақиқаи субҳи имрӯз як автобус дар роҳи Машҳад-Нишопур ба иллати ҷудо шудани чархи мошин вожгун шуд ва чархбол барои интиқоли панҷ тан аз осебдидагон ба бемористони Толиқонии Машҳад, фиристода шуд."

Ин манбаъ афзудааст: «Дар роҳи интиқоли осебдидагон, ин чархбол дучори сониҳа шуд ва панҷ тан аз осебдидагон ва панҷ тан аз ҳайати беҳдоштӣ ва парвоз, ҷони худро аз даст доданд.»

Ризо Вафоинажод, раиси маркази пизишкии Машҳад низ ба хабаргузории Форс гуфтааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба талоши ҳайати пизишкӣ барои солим мондани як нафар осебдидагон, мутаассифона вай чанд дақиқаи пеш, фавт кард.»

Ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ва низомӣ ва ҳамчунин чархболҳои Эрон қадимӣ ва фарсудаанд ва ин кишвар ба далели таҳримҳои байналмилалӣ, қодир ба навсозии онҳо нест. Эрон гузаштаи тӯлонӣ аз ҳодисаҳои ҳавоиро дорад, ки солона ба марги даҳҳо нафар мунҷар мешавад.