Ҳалокати 10 нафар дар таркишҳо дар Ироқ

Бар асари силсилаи таркишҳо дар Ироқ дасти кам 10 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар Бағдод 4 мошини ҳомили маводи тарканда ва як минаи канори роҳ инфиҷор шуданд. Таркишҳои дигар дар вилояти Киркук ва маркази он ба вуқӯъ пайвастанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Тафсилоти дигари ин ҳодисаҳо маълум нест.