4 медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Минск

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Минск чаҳор медал ба даст оварданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ё ҷангӣ аз 9-ум то 11-уми ноябр дар пойтахти Беларус бо ширкати варзишгарони 64 кишвар баргузор шуд.

Дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Низомиддин Охиров дар вазни то 62 кг дар ҷойи севум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Медали севуми Тоҷикистонро Айниддин Қурбонов дар сабқати самбои размӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дувум шуд ва соҳиби медали нуқра гардид. Инчунин, Умед Ҳасанбеков дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни то 90 кг бо медали нуқра сарфароз шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон
Самбои варзишӣ

Мардон
52 кг
1. Игор Беглеров (Русия)
2. Андрей Курлипо (Белорус)
3. Нукрӣ Берая (Гурҷистон)
3. Тигран Киракосян (Арманистон)
57 кг
1. Ислом Гасимов (Озарбойҷон)
2. Акмаллидин Каримов (Тоҷикистон)
3. Саян Хертек (Русия)
3. Ерболат Бойботиров (Қазоқистон)
62 кг
1. Иля Хлибов (Русия)
2. Октавиан Наку (Молдова)
3. Нозимиддин Охиров (Тоҷикистон)
3. Багдат Жарилгасов (Қазоқистон)
68 кг
1. Денис Давидов (Русия)
2. Дмитрий Базилев (Белорус)
3. Мартин Иванов (Булғористон)
3. Азамат Муканов (Қазоқистон)
74 кг
1. Уалӣ Куржев (Русия)
2. Асилбек Алкей (Қазоқистон)
3. Бесарион Берулава (Гурҷистон)
3. Дмитрий Бабийчук (Украина)
82 кг
1. Алексей Харитонов (Русия)
2. Виктор Савинов (Украина)
3. Нико Кучия (Гурҷистон)
3. Радвилас Матукас (Литва)
90 кг
1. Георгий Байндуров (Гурҷистон)
2. Эдуард Кургинян (Русия)
3. Андрей Казусёнок (Белорус)
3. Эркин Дониёров (Узбакистон)
100 кг
1. Алсим Черноскулов (Русия)
2. Леван Жоржолиани (Гурҷистон)
3. Евгений Сёмочкин (Белорус)
3. Ярослав Ритко (Украина)
+100 кг
1. Юрий Рибак (Беларус)
2. Василеиос Илиадис (Юнон)
3. Иван Илиев (Булғористон)
3. Мэтю Клемпнер (Британияи Кабир)

Ҳисоби дастаӣ: 1. Русия. 2. Беларус. 3. Гурҷистон. 4. Қазоқистон. 5. Украина.

Самбои размӣ (ҷангӣ):
52 кг
1. Алмат Сулаймонов (Қазоқистон)
2. Айниддин Қурбонов (Тоҷикистон)
3. Мхитар Мхитарян (Арманистон)
3. Толмаз Туклиев (Узбакистон)
57 кг
1. Алӣ Баҳоваддинов (Русия)
2. Сергей Глушенко (Украина)
3. Ассет Сагиндиков (Қазоқистон)
3. Фарҳод Бобоев (Узбакистон)

62 кг
1. Сергей Гречихо (Литва)
2. Имрон Ҷаводов (Озарбойҷон)
3. Мадад Сагиндиков (Қазоқистон)
3. Эжер Енчинов (Русия)
68 кг
1. Руслан Ҳасанхонов (Русия)
2. Вачик Варданян (Арманистон)
3. Андрей Деменчук (Белорус)
3. Темур Султонов (Узбакистон)
74 кг
1. Александр Панов (Русия)
2. Эдуард Муравитский (Белорус)
3. Рустам Сайдалиев (Украина)
3. Виктор Томасевич (Литва)
82 кг
1. Алексей Иванов (Русия)
2. Борис Величков (Булғористон)
3. Қурмонбек Одил Уулу (Қирғизистон)
3. Александр Фёдоров (Эстония)
90 кг
1. Вячеслав Василевский (Русия)
2. Умед Ҳасанбеков (Тоҷикистон)
3. Александр Воронович (Белорус)
3. Қанатбек Абдуллоев (Қирғизистон)
100 кг
1. Станислав Колбасов (Белорус)
2. Генко Иванов (Булғористон)
3. Михаил Мохнаткин (Русия)
3. Игор Задерновский (Украина)
+ 100 кг
1. Кирилл Сиделников (Русия)
2. Руслан Аушев (Қазоқистон)
3. Мартин Маринков (Булғористон)
3. Евгений Тятюшкин (Белорус)

Ҳисоби дастаӣ: 1. Русия. 2. Беларус. 3. Қазоқистон. 4. Украина. 5. Булғористон.