Мақомоти интизомии Гурҷистон, Гиорги Каландадзе, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро расман ба сӯистифода аз мақомаш муттаҳам кардаанд. Вакили дифоъаш Гогита Габаидзе, гуфт, ки Каландадзе то се рӯзи оянда расман ба ин иттиҳомот посух хоҳад дод, вале афзуд, ки генерали гурҷӣ худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, ки ҳеҷ кори хатое накардааст. Ба гуфтаи Гогита Габаидзе, мақомоти интизомӣ ҳамчунин Бачо Ахалия, вазири собиқи умури дохилӣ ва фармондеҳи дигари артиши Гурҷистон Зураб Шаматаваро, расман ба сӯистифода аз мақом муттаҳам кардаанд. Додситони Гурҷистон рӯзе пештар аз ин гуфт, ки гӯиё Каландадзе ва Шаматава соли 2011 дар вазорати дифоъ шаш сарбози гурҷиро дашном додаанд. Ҳарсе муттаҳам ба ҷиноят боздошт шудаанд.