Додситони кулли ҷумҳурӣ дар СММ суханронӣ мекунад

Шерхон Салимзода додситони кулли Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева Шерхон Салимзода додситони кулли Тоҷикистон аз иқдомҳои ҳукумати кишвараш дар амри мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониҳо ҳимоят кард. Вай гуфт:
Бо ҳадафи иҷрои машваратҳои Кумита мо дар моҳи июни соли 2011 Қонун дар бораи нигаҳдошти муттаҳамҳову айбдоршавандаҳо ва афроди муҳокимашавандаро ба тасвиб расондем.”
Салимзода илова кард,ки ходимони сохторҳои қудратӣ ва ҳам табибон пайваста дар давраҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд. Дар ин нишаст гузориши давлат дар бораи вазъи мубориза бо шиканҷа, гузориши созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал ва гузориши алтернативии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад.
Ин дувумин гузориши Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аст, ки давраи аз соли 2007 то 2010-ро фаро мегирад. Дар гузориши аввал вазъи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2006 тасвир шуда буд.