Табрикот ва интизориҳои ҷаҳон аз пирӯзии Обама

Раҳбарони бисёре аз кишварҳову созмонҳо интизориҳояшонро аз пирӯзии Обама дар интихоботи Амрико баён кардаанд.
Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар паёме Барак Обамаро табрик гуфта ва аз ӯ хостааст, ҳарчӣ зудтар барои хотима додан ба ҷанг дар Сурия ва эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна даст ба кор шавад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, интизори ҳамкорӣ бо Барак Обама барои ба эътидол овардани ҳамкориҳои байни Аврупоу Амрикост: “Мехоҳам, самимона Барак Обамаро барои интихоби дуборааш табрик гӯям. Мо ҳамдигарро хуб медонем ва интизор дорам, ки ҳамкориро идома медиҳем, аз ҷумла барои ба эътидол овардани ҳамкориҳои байниатлантикӣ миёни ҳукумати федеролии Олмон ва Иёлоти Муттаҳида. Ҳамингуна ҳамкориҳо миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико. Ман ба ӯ барори кор мехоҳам."

Мақомоти Русия гуфтаанд,р аисиҷумҳур Владимир Путин ба пирӯзии Барак Обама бар Митт Ромнӣ, рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, назари “бисёр мусбат дорад” ва ба ӯ номаи табрикотӣ фиристодааст.

Дар баёнияи муштараке, Хосе Мануел Бароссо, раиси Комиссияи Аврупо ва Ҳерман Вон Ропмуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, интизор доранд, ки “ҳамкориҳои наздикашон” бо Барак Обама ҳамчунон идома хоҳад кард.

Андерс Фоғ Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО, ҳам Барак Обамаро табрик гуфтааст. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё ҳам гуфт, интизораш ин аст, ки ҳамкориҳои дутарафа ҳамчунон идома хоҳанд кард: “Мехоҳам Барак Обамаро барои интихоби дуборааш табрик бигӯям. Воқеан аз ҳамкориҳо бо ӯ тайи чанд соли охир бисёр лаззат бурдаам ва интизор дорам, бо ӯ чаҳор соли оянда ҳамкорӣ мекунам."

Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, гуфтааст, пирӯзии Барак Обама бар рақиби ҷумҳурихоҳаш Митт Ромнӣ аломати он аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон барои ҳалли масоили байналмилалӣ расидагӣ хоҳад кард. Ӯ пирӯзии Барак Обамаро, “як фурсати муҳим барои Амрико ва ҳам тамоми ҷаҳон” хонд. Агарчӣ Исроил аз мавзеъгирии Барак Обама нисбат ба Эрон, рақиби қадимаи Исроил, ибрози ноқаноатмандӣ кардааст, вале бо вуҷуди ин аз пирӯзии ӯ истиқбол кард. Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил изҳори боварӣ кард, ки Барак Обама барои коҳиш хатари барномаҳои атомии Эрон ҳар кореро, ки метавонад, анҷом хоҳад дод: “Бовар дорам, ки ӯ барои коҳиши хатари террор ва ҷанг ҳар кореро ки метавонад, анҷом хоҳад дод. Ончиро ки дар бораи Эрон гуфтааст, хоҳад кард. Ман итминони комил дорам. Масъулиятҳое, ки ба дӯши ӯ меафтанд, осон нест."

Маҳмуд Аббос, раисиҷумҳури Фаластин, низ Барак Обамаро табрик гуфта ва аз ӯ хостааст, ки барои расидан ба сулҳ дар Ховари Миёна талошҳояшро идома бидиҳад.

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ва Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон, низ бо табрики Барак Обама, изҳори умедворӣ кардаанд, ки ҳамкориҳои кишварҳояшон бо Амрико густариш хоҳад ёфт. Дар ин миён Толибон ҳам садо баланд карда ва бо нашри баёнияе аз Барак Обама хостаанд, эътироф кунад, ки гӯиё Амрико дар ҷанги Афғонистон шикаст хӯрдааст ва нерӯҳояшро ҳарчӣ зудтар аз инҷо берун кашад. Раҳбарони Чин низ Барак Обамаро табрик гуфтаанд. Шӯрои Миллии Сурия, яке аз ҳаракатҳои аслии мухолифи давлати раисиҷумҳур Башшор Асад изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳалли муноқиша дар кишвари онҳо, яке аз масъалаҳои аслии кори Барак Обама хоҳад буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!